Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

ҶСК «Агроинвестбонк», дар соли 1992 асос ёфта, яке аз Бонкҳои пешбари Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ дорои шабакаи пурқудрати филиалҳо мебошад. Сармояи оиинномавии Бонк аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз тарафи Бонки Аврупоии Рушд ва Тараққиёт ташкил дода шудааст.

«Агроинвестбонк» - бонки универсалиест, ки маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои бонкиро ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ пешниҳод менамояд. Ба шахсони воқеӣ шакли гуногуни интиқоли маблағҳо, барномаҳои депозитӣ, амалиётҳои сейфӣ ва интихоби васеи кредитҳоро пешниҳод карда мешавад. Дар асоси ҳамкори бо шахсони ҳуқуқӣ – таваҷҷӯӯҳи бонк ба талабот ва муносиботи фардии мизоҷон, ки ба рушди боварӣ ва ҳамкориҳои судманд мерасонад, нигаронида мешавад.

Бо риояи стратегияи дастгирии аҳолии ниёзманди ҷомеа, сиёсати қредитии Бонк ба мизоҷон рушди тиҷорат ва дар минтақаҳо ташкил намудани ҷойҳои кории навро имконият медиҳад. Вазифаи «Агроинвестбонк» дар тамоми нуқтаҳои мавҷудият – рушд додани иқтисодиёти он минтақа ва дастгирии тиҷорати хурд ва миёна мебошад.

Рақамҳо ва далелҳои фаъолияти ҷории Бонк аз хусуси рушди бомуваффақияти он шаҳодат медиҳанд: филиалҳои нав кушода мешаванд, ва мутахассисони баландихтисос ба мизоҷон хизматрасонии босифатро мувофиқи талаботи замони муосир таъмин мекунанд. Бонк тақрибан дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон шинохта шудааст, ҳампайвандии минтақавии шабакаи фурӯши маҳсулоти молиявӣ ва хизматрасониҳои Бонк ба ҳолати март соли 2014 чунин ба қайд гирифта шудааст: 

  • 62   филиал
  • 2     дирексияи амалиётӣ
  • 52   маркази хазматрасонии бонкӣ   
  • 167 нуқтаи интиқоли маблағҳо 
  • 149 банкомат 
  • 101 нуқтаи додани пули нақд
  • 91   нуқтаи мубодилаи асъор 

Мо боварӣ дорем, ки дороиҳои асосии Бонк ин муносибат бо мизоҷон ба шумор меравад. Мо мизоҷонро қадр мекунем, ва муносиботи мо пеш аз ҳама дар асоси принсипҳои масъулиятшиносӣ, боэътимодӣ ва ҷавобгарӣ доштан сохта мешаванд.

Эътимоднокии баланди ҶСК «Агроинвестбонк»- ро мукофотҳои соҳибшудаи байналмилалии он далолат медиҳанд. Октябри соли 2002 дар конфронси Женева таҳти унвони «Bussiness Initiative Directions» Бонк бо мукофоти "International Star Award for Quality" (ситораи Байналмилалии сифат) бо арзиши "Тилло"-ӣ, барои дастовардҳои ноилгашта дар истифодабарии фаъолияти хизматрасонии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба даст овард. Моҳи марти соли 2003 дар конфронси дар шаҳри Франкфурт бо унвони «Bussiness Initiative Directions» баргузоргашта, Бонк бо нишони "The Arch of Europe" (Аркаи Аврупо) бо арзиши "Фӯлодин" барои сифати баланди хизматрасониҳои бонкӣ ва истифодабарии технологияи муосир мукофотонида шуд.

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.