Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

Таърихи бонк

14 феврали соли 1992 дар асоси созишномаи муассисон, дар заминаи Бонки саҳомии тиҷоратии агросаноатии Агропромбонки Иттиҳоди Шӯравӣ, Бонки ҷумҳуриявии саҳомии тиҷоратии агросаноатӣ ташкил ёфта, 22 феврали соли 1992 дар конфронси муассисон бонки мазкур ба Бонки саҳомию тиҷоратии агросаноатии «Шарқ» (БСТАС «Шарқ») табдил дода шуд. 13 ноябри соли 1997 дар ҷаласаи Шӯрои Бонк, доир ба табдил додани БСТАС «Шарқ» ба Бонки саҳомию тиҷоратии агросаноатию инвеститсионӣ (БСТАИ «Агроинвестбонк») қарор қабул шуд. 30 марти соли 2002 Ҷаласаи Умумии саҳомони бонк доир ба табдил додани бонк ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Агроинвестбонк» қарор қабул намуд.

     Мутобиқ ба қарори Ҷаласаи Умумии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк», бо мувофиқа бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки миллии Тоҷикистон, дар охири соли 2003 дар ҶСК «Агроинвестбонк» гузаронидани чорабиниҳо, ки ба таҷдиди сохтор ва таҷдиди сохтори молиявии бонк равона шуда буд, ба анҷом расид. 1 январи соли 2004, аз ҳайати ҶСК «Агроинвестбонк» яке аз қисмҳои таркибии он, ки аз ҳисоби инвеститсияҳои хориҷӣ ба қарздиҳии пеш аз содиротии хоҷагиҳои пахтакор махсус гардонида шудааст, ҷудо шуд. Њамин тариќ ташкилоти ғайрибонкии молиявии ҶСП «Кредит-Инвест» ташкил дода шуд. Натиҷаҳои таҷдиди сохтор ва таҷдиди сохтори молиявии бонк, аз ҷониби ширкати мустақили аудитории PriceWaterHouseCoopers Accountant N.V. (Amsterdam) тасдиқ гардиданд.

      12 августи соли 2009 дар ҳаёти ҶСК «Агроинвестбонк» воқеаи фаромўшнашавандаи таърихие рух дод. Дар шаҳри Душанбе байни ҶСК «Агроинвестбонк» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт (БАТТ) созишнома оид ба ворид шудани БАТТ ба сармояи Бонк ба имзо расид. 28 октябри ҳамон сол, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт ба суратҳисоби ҶСК «Агроинвестбонк» 11,5 млн. доллари ИМА (50 млн. сомонӣ) гузаронида,  25% + 1 саҳмияи бонкро харидорӣ намуд. Ворид гардидани Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт ба сармояи ҶСК «Агроинвестбонк», идомаи мантиқии ҳамкории судманди панҷсола миёни ин ду институти молиявӣ мебошад.


 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.