|
|
|
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
|
|
|
| |
|
Шаҳодатнома ва иҷозатномаҳо
ҶСК «Агроинвестбонк» дар асоси иҷозатномаҳои зерин хизматрасонихои бонкиро пешниход менамояд:
- БМТ №3 аз 27.03.1992 с.
- БМТ №3/1 аз 30.08.2002 с.
- БМТ №3/2 аз 30.08.2002 с.
- БМТ №3/3 аз 30.08.2002 с.
- БМТ №3/4 аз 18.11.2004 с.
ҶСК «Агроинвестбонк дар асоси иҷозатномаҳои гирифташуда хизматрасонихои зерини бонкиро пешниход менамояд:
- Қабули депозитҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- Кушодан ва пешбурди ҳисобҳои мизоҷон, ҳисобҳои муросилотии бонкҳо ва муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ;
- Амалиётҳои интиқолӣ: иҷроиши дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи оид ба интиқоли воситаҳои пулӣ;
- Амалиётҳои баҳисобгирӣ: ҳисоби (дисконт) вексел ва дигар вазифаҳои кредитии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- Амалиётҳои қарзӣ: пешниҳодсозии қарзҳо дар шакли пулӣ;
- Маблағгузории капиталӣ оид ба дархости соҳибон ё ки истифодабарандагони воситаҳои маблағгузоришаванда;
- Амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);
- Амалиётҳои клирингӣ: ҷамъоварӣ, санҷиш, ҷобаҷогузорӣ ва тасдиқи пардохт, инчунин гузаронидани миёни худ ҳисобкунӣ ва муайянкунии ҳолатҳои тозаи иштирокчиёнаи амалиёти - клирингӣ.
- Амалиётҳои ломбардӣ: пешниҳодоти қарзҳои кӯтоҳмуддат гарави амонатгузошташуда, коғазҳои қимматноки осонамалишаванда ва амволи манқул;
- Қабули пардохтҳо, аксепт, пардохт ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, кушодан ва тасдиқи эътиборномаҳои тиҷоратӣ;
- Таҳвил ва равона сохтани коғазҳои бонкӣ, тангаҳо ва арзишҳо;
- Амалиётҳои кафолатӣ: додани кафилӣ ва дигар вазифаҳо барои шахсони сеюми пешниҳодгашта ба иҷроиши шаклҳои пӯлӣ, шакли кафолатии эътиборнома (эътиборномаи стендбай);
- Ба иҷора додани амвол бо нигоҳдории ҳуқуқи соҳибият ба амволи иҷорадиҳанда дар муддати пурраи шартнома (лизинг);
- Амалиётҳои факторингӣ: бадастоварии ҳуқуқи талаб кардани пардохт аз харидорони мол (кор, хизматрасонӣ) бо қабули хавфи пардохт нашудан;
- Амалиётҳои форфейтингӣ: пардохти вазифаҳои қарзии харидори молҳо (хизматрасонӣ,корҳо) бо роҳи хариди вексел бе мавҷудияти фурӯшанда;
- Интишори коғазҳои хусусии қимматнок (саҳмия, облигатсия, вексел ва сертификати депозитӣ);
- Ташкили амалиётҳои табдилотӣ бо асъори хориҷӣ;
- Барориши кортҳои пардохтӣ;
- Амалиётҳои сармоягузорӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Амалиётҳои хазинавӣ: қабул, азнавҳисобкунӣ, иваз, табдил, ҷобаҷокунӣ ва нигоҳдории коғазҳои қимматноки бонкӣ ва тангаҳо;
- Амалиётҳои миёнаравӣ дар бозори коғазҳои қимматнок.
| |
|
|
|
| |