|
|
|
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
|
|
|
| |
|
Шӯрои Нозирон
Завқизода Завқӣ Амин
Завқизода Завқӣ Амин – 14 августи соли 2014 ба узвияти Шӯрои нозирони ҶСК «Агроинвестбонк» интихоб гардид.
Завқизода Завқӣ Амин соли 1972 дар ноҳияи Ҳамадонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло - бо ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ» хатм намудааст. Инчунин соли 2001 ӯ дараҷаи магистри рушди иқтисодро дар Донишгоҳи миллии Австралия ва баъдтар соли 2006 унвони доктори илмҳои иқтисодиро дар Донишгоҳи мазкур ноил гаштааст.
Завқизода Завқӣ Амин дар соҳаи иқтисодиёт ва бонкдорӣ соҳиби таҷрибаи ғанӣ мебошад. Фаъолияти касбии хешро соли 1995 дар Бонки миллии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2003 дар вазифаҳои иқтисодчии дараҷаи 1-и Шуъбаи таҳлил ва пешбинии иқтисодӣ, сариқтисодчии Шуъбаи қарздиҳӣ ва Сардори Шуъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи сиёсати пулӣ кор кардааст.
Солҳои 2003-2006 дар Донишгоҳи миллии Австралия барои ҳимояи рисолаи докторӣ таҳсил намуда, ҳамзамон солҳои 2004-2005 дар Донишгоҳи номбурда ба ҳайси муаллими фанҳои иқтисодиву молиявӣ бо забони англисӣ қисман кор кардааст. Аз соли 2006 ҳамчун Муовини Сардори Идораи амалиёти бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Соли 2007 Завқизода Завқӣ Амин дар вазифаи Мушовири Директори иҷроияи гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Мушовири Директори иҷроияи Хазинаи Байналмиллалии Асъор фаъолият намуда, ҳамзамон вазифаи Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои мазкурро иҷро кардааст.
Соли 2011 дар Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун Роҳбари Котибот ба кор шуруъ намуд.
Соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Мушовири калони Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин гардид. Завқизода
Завқӣ Амин бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона ҳарф мезанад.
Ба қафо
| |
|
|
|
| |