|
|
|
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
|
|
|
| |
|
Шӯрои Нозирон
Саидмуродов Баҳодур Бобомуродович
Саидмуродов Баҳодур Бобомуродович бо Қарори Маҷлиси ғайринавбатии Умумии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» аз 14 августи соли 2014 узви Шӯрои нозирони ҶСК «Агроинвестбонк» интихоб гардид.
Саидмуродов Баҳодур Бобомуродович 8 - марти соли 1981 дар вилояти Хатлон таваллуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Пас аз хатми Литсейи муштараки тоҷикӣ - туркии шаҳри Қурғонтеппа, ба Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2005 онро бо ихтисоси Ҳуқуқшиноси Байналмиллалӣ бо Дипломи аъло хатм намудааст. Ҳамчунин соли 2009 Факултаи Иқтисодию Молиявии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро низ бомуваффақият бо ихтисоси Иқтисодчӣ (Молия ва Қарз) бо Дипломи аъло хатм намудааст.
Саидмуродов Баҳодур Бобомуродович фаъолияти касбии худро аз соли 2005 дар вазифаи Сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудааст. Аз соли 2006 инҷониб то ҳол дар вазифаи Сардори Шуъбаи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд.
Илова ба ин, дар радифи фаъолияти касбии худ, инчунин аз моҳи январи соли 2013 то моҳи апрели соли 2013 ба ҳайси Намояндаи ваколатдори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мудирияти махсусгардонидашудаи қарзҳои мушкилситони ҶСК «Агроинвестбонк» фаъолият намудааст. Аз 16 апрели соли 2013 бо Қарори Шӯрои нозирони ҶСК «Агроинвестбонк» узви Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» интихоб гардида, то санаи 14 августи соли 2014 адои вазифа намудааст.
Бо забонҳои англисӣ, туркӣ, немисӣ ва арабӣ озодона муошират намуда, айни ҳол забонҳои фаронсавию хитоиро омӯхта истодааст.
Аз моҳи октябри соли 2009 аъзои ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Ба қафо
| |
|
|
|
| |