Иброҳимов Илҳомуддин Раҷабалиевич
14 августи соли 2014, дар маҷлиси ғайринавбатии саҳомони ҶСК «Ароинвастбонк» Иброҳимов Илҳомуддин Раҷабалиевич узви Шӯрои Нозирони Бонк интихоб гашт.
Иброҳимов И.Р. 15.06.1980 таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишкадаи андозу ҳуқуқи шаҳри Душанберо бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуд. Аз соли 2002 то соли 2005 аспиранти кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи андозу ҳуқуқ буд.
Фаъолияти меҳнатии худро Иброҳимов И.Р. соли 1996 дар вазифаи сармуҳосиби хоҷагии деҳқонӣ шурӯъ намуд. Пас аз хатми Донишкадаи андозу ҳуқуқ соли 2002 Иброҳимов И.Р. дар кафедраи назарияи иқтисоди донишкадаи мазкур кор кард. Солҳои 2006-2007 фаъолияти худро дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон идома дода, дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кард. Соли 2007 то 2008 Иброҳимов И.Р.ба сифати дотсенти кафедраи кори бонкии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон фаъолият намуд. Солҳои 2008- 2009 ӯ вазифаи мудири кафедраҳои таҳлили иқтисодӣ ва аудит ва кори бонкии Донишгоҳи мазкурро ишғол намуд. Дар давраи солҳои 2009 - 2012 Иброҳимов И.Р. вазифаи Ноиби Ректори собиқ Донишкадаи молияи Тоҷикистон оид ба қисми таълимӣ, илм ва муносибатҳои байналмилалро бар ӯҳда дошт. Аз моҳи июни соли 2012 то ҳозир ҷаноби Иброҳимов И.Р. Ноиби Ректор оид ба корҳои таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад.
Иброҳимов И.Р. бо Ифтихорномаи фахрии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009 лауреати мукофоти ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи иқтисод ва соли 2011 ба унвони ифтихории Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.