Рустамов Суюнхон Шодмонович
Раиси Бонк
23 декабри соли 2013, дар ҷаласаи ғайринавбати Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк» Рустамов Суюнхон Шодмонович ба вазифаи Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» таъин карда шуд.
Рустамов С.Ш. 3 августи соли 1963 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва анализи хоҷагӣ дар хоҷагии қишлоқ ва соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Рустамов Суюнхон Шодмонович фаъолияти меҳнатиашро бо роҳхати Донишгоҳ аз моҳи августи соли 1984 дар хоҷагии ҷангали «Даҳана Киик»-и ноҳияи Хуросон вилояти Хатлон ба ҳайси муҳосиби калон оғоз намудааст. Солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намудааст. Аз моҳи августи соли 1986 то моҳи феврали соли 1988 дар вазифаи иқтисодчӣ - молиячии калони Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Темурмалик ва аз моҳи марти соли 1988 то моҳи феврали соли 1990 дар вазифаи сариқтисодчии совхози «Совет-2»-и ҳамин ноҳия кор кардааст.
Аз моҳи феврал то моҳи октябри соли 1990 Рустамов С. Ш. дар вазифаи сардори Шуъбаи молияи Кумитаи агросаноатии вилояти Кӯлоб адои хизмат намудааст.
Аз моҳи октябри соли 1990 ба вазифаи сармуҳосиби совхози «Офтобрӯя»-и ноҳияи Темурмалик таъин гардида, то моҳи июни соли 1996 фаъолият кардааст.
Аз соли 1996 то соли 2000 Рустамов С.Ш. дар вазифаи назоратчӣ-тафтишотчии калони Раёсати санҷиши андозсупорандагони Кумитаи андози вилояти Суғд ва аз моҳи июни соли 2000 то моҳи майи соли 2005 дар Шӯъбаи Суғдии Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сарнозири андози Шуъбаи аудит, сардори гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва xонишини сардор фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2005 ба вазифаи сардори Департаменти сиёсати андози Вазорати молияи Xумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то моҳи марти соли 2010 дар вазифаи сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2010 то соли 2012 дар вазифаи Муовини Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз соли 2012 Рустамов С.Ш. ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Xумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Барои фаъолияти пурсамараш дар мақомоти молия ва андози Ҷумҳурӣ соли 2008 бо нишонҳои фахрии «Аълочии мақомоти молияи Xумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2011 «Аълочии мақомоти андози Xумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.