Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

Раёсати Бонк

Тағоймуродов Фаррух Ғолибович

Муовини якуми Раиси Бонк

                                                           25 декабри соли 2013, мувофиқи пешниҳоди саҳоми асосии ҶСК «Агроинвестбонк», Тағоймуродов Фаррух Ғолибович ба вазифаи Муовини якуми Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» таъин карда шуд. 

     16 октябри соли 1968 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1990 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуд.

     Фаъолияти меҳнатии худро дар низоми бонкӣ дар вазифаи иқтисодчии Идораи ба нақшагирии иқтисодии бонки республикавии Агропромбонки ИҶШС дар Тоҷикистон оғоз намуд. Дар муҳлати кӯтоҳ ба ӯ муяссар гашт, ки кори амалиро хуб азхуд намояд ва соли 1993 ба ӯ роҳбарии Шуъбаи маблағгузорӣ ва қарздиҳии дарозмуддати корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолии Идораи амалиётии Агропромбонки «Шарқ» боварӣ карда шуд. Аз соли 1995 ӯ дар Идораи иқтисодии Агропромбонки «Шарқ», Идораи рушди бонкӣ, молия ва захираҳои байнибонкии Бонки Саҳомию Тиҷоратии Агросаноатию Сармоягузории «Агроинвестбонк», Идораи пешгӯӣ, таҳлил ва рушди ҶСК «Агроинвестбонк» вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол намуд.

     Аз майи соли 2002 сардори Мудирияти молия ва иқтисоди ҶСК «Агроинвестбонк» ва аз соли 2005 муовини Раиси Раёсат – сардори Мудирияти молия ва иқтисоди ҶСК «Агроинвестбонк» буд. Аз моҳи майи соли 2008 дар вазифаи муовини Раиси Раёсат – Роҳбари Дирексияи хазинадорӣ ва савдои ҶСК «Агроинвестбонк» кор кард. Аз моҳи ноябри соли 2009 то сентябри соли 2010 ба ҳайси муовини Раиси Раёсат – Роҳбари Дирексияи бонкдории корпоративии ҶСК «Агроинвестбонк» ифои вазифа намуд.

     Аз июни соли 2010 то июни соли 2012 Тағоймуродов Ф.Ғ. дар вазифаи Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» кор кард. Аз октябри соли 2012 то ноябри 2013 ба сифати Сармутахассиси Шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ноябр то декабри соли 2013 дар вазифаи муовини Раиси ҶСП ТАҚХ «Спитамен-Капитал» фаъолият намуд. Моҳи декабри соли 2013 дар вазифаи Муовини якуми Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» таъин карда шуд. 


Ба қафо

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.