Нуров Абдусамад Асомиддинович
Муовини Раиси Бонк
1 апрели соли 2014, бо қарори Шӯрои Нозирони ҶСК Агроинвестбонк» Нуров Абдусамад Асомиддинович ба вазифаи муовини Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» таъин карда шуд.
4 марти соли 1971 дар деҳаи Охтоқи ҷамоати Қиблаии н. Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ дар саноат хатм намуд.
Фаъолияти меҳнатии худро Нуров Абдусамад Асомиддинович соли 1993 ба сифати таҷрибаомӯзи назоратчӣ оғоз намуда, то соли 1995 дар вазифаҳои назоратчӣ, мудири Оҷонсии Бонки амонатгузории №7432 ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло н. Шоҳмансур)-и ш. Душанбе кор кард. Солҳои 1995-1996 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар вазифаи иқтисодчии дараҷаи якуми Шуъбаи назорати бонкии Идораи назорати бонкӣ фаъолият намуд. Солҳои 1996-1997 ба ҳайси иқтисодчии пешбар-муҳосиби Шуъбаи назорати бонкии Идораи назорати бонкии Бонкии миллии Тоҷикистон ва солҳои 1997-2003 иқтисодчии пешбари Шуъбаи бозрасии Идораи назоратии бонкии Бонки миллии Тоҷикистон адои вазифа намуд.
Нуров А.А. аз соли 2003 то соли 2005 иқтисодчии пешбари Шуъбаи бозрасии Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2005 -2010 дар вазифаи сариқтисодчии Шуъбаи назорати ташкилотҳои маблағгузории хурди Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз декабри соли 2010 то апрели соли 2014 ӯ вазифаи сардори Шӯъбаи бозрасии дуввуми Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.