Қодирова Мавлюда Саломовна
Муовини Раиси Бонк
1 апрели соли 2014, бо қарори Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроин- вестбонк» Қодирова Мавлюда Саломовна ба вазифаи Муовини Раиси ҶСК «Агроинвестбонк таъин карда шуд.
2 январи соли 1959 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо тахассуси иқтисодчӣ хатм намуд.
Қодирова М.С. фаъолияти меҳнатии худро соли 1976 дар вазифаи иқтисодчӣ, сипас иқтисодчии калони Шуъбаи маблағгузории Раёсати дар шаҳри Душанбе будаи Идораи ҷумҳуриявии Сохтмонбонки ИҶШС оғоз намуд. Солҳои 1978-1991 ба сифати лаборанти калон, сариқтисодчии Шуъбаи истеҳсолӣ дар Маркази ҳисоббарории Госплани Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Солҳои 1991-1993 дар вазифаи мутахассиси дараҷаи якуми Идораи иқтисодиёт ва молияи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Аз соли 1993 то соли 1998 дар Идораи хазинаи инноватсионии Туркманистон дар ш. Душанбе ба ҳайси мутахассиси дарҷаи якум оид ба муносибатҳои иқтисодӣ адои вазифа намуд.
Аз соли 1999 то соли 2005 аввал иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъба, сипас сардори шуъбаи Агроинвестбонк дар маҳаллаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд. Аз соли 2005 то 01.04 соли 2014 вазифаи сардори филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар маҳаллаи Шоҳмансури ш. Душанберо ба уҳда дошт.