Шабакаи филиалҳо
ҶСК «Агроинвестбонк» - ин бузургтарин бонки ғайридавлатии Тоҷикистон, институти молиявии рушди фаъолона дошат буда, дорои зиёда аз 63 филиал дар тамоми мамлакат мебошад. Бонк доимо мавҷудияти худро вусъат мебахшад ва шабакаи филиалҳоро дар тамоми кишвар рушд медиҳад – аллакай ҳоло дар тамоми минтақаҳои мамлакат, ҳатто дар дуртарин гӯшаҳои он, филиалҳои бонк кушода шудаанд.
Мо шабакаи минтақавии худро инкишоф медиҳем, ки он фаъолияти фоидаовари «Агроинвестбонк»-ро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ амалӣ месозад ва ҳаҷми фурӯши хизматрасониҳоро меафзояд. Зиёд гаштани шумораи мизоҷон, Бонки моро вазифадор мекунад, ки бетанаффус сифати хизматрасониҳоро беҳтар кунад ва тамоми нерӯи худро баҳри дар тамоми филиалҳо хизматрасониҳои бонкиро ҷорӣ намудан сарф намояд.
Филиалҳои ба таври мӯътадил коркунанда хазинаҳои амалиётиро дороянд, ки тамоми маҷмӯи хизматрасониҳоро ба мардум пешниҳод менамоянд. Мо мизоҷони худро қадр мекунем ва мекӯшем, тавассути инкишоф додани шабакаи филиалҳо, дастрасии пурра ва осонӣ хизматрасониҳоро таъмин намоем.
Тавассути босифат рушд додани шабакаи минтақавии филиалҳо, мо ба он натиҷа ноил гаштем, ки то марти соли 2014 дар кишвар 62 филиал фаъолият менамояд. 52 маркази хизматрасонии бонки, ки ба аҳолӣ имконияти гирифтани маслиҳатҳои муҳими касбиро фароҳам меорад, маҳсулотҳои бонкӣ ва хизматрасониҳоро дастрас менамоянд инчунин 167 нуқтаи интиқоли маблағҳо фаъол аст. Шабакаи банкоматҳо-111 ро дар бар мегирад. Шумораи нуқтаҳои додани пули нақд – 121, нуқтаи савдою хизматрасонӣ 101 ва нуқтаҳои мубодилаи асъор – 91.
Филиалҳо:
| |
|