Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

Мӯҳлатнок

Депозити «Мӯҳлатнок» - ин намуди депозит бо мӯҳлат ва андозаи фоизи муайян буда, метавонад танҳо дар ҳолати расидани мӯҳлати нигоҳдорӣ ва ё пешаки огоҳ кардани бонк дархост карда шавад.

Маблағи аввалияи депозити мӯҳлатнок на кам аз 100 сомонӣ бо асъори миллӣ ва бо асъори хориҷӣ на камтар аз 100 воҳиди асъори ҳисоб мебошад. Маблағи гузошташаванда бемаҳдуд аст. Мӯҳлати депозити мӯҳлатнок дар Шартнома оиди депозити бонкӣ оварда мешавад.

Агар соҳиби депозити мӯҳлатнок хоҳиши бозмондани маблағи депозити худро баъд аз гузаштани мӯҳлати дар Шартнома дарҷгашта дошта бошад, онгоҳ ба Шартномаи амалкунанда созишномаи иловагӣ баста мешавад. Агар Амонатгузор – шахси воқеӣ дар ҳолати ба охир расидани мӯҳлати шартномаи депозитӣ ба Бонк барои гирифтани депозит, ё ин ки бастани созишнома иловагӣ ҳозир нашавад, фоизҳои депозит тибқи андозаи фоизҳои амалкунандаи депозитҳои пасандозӣ ҳисобӣ карда мешаванд.

Ҳангоми аз ҷониби Амонатгузор дархост оиди гирифтани маблағ аз ҳисоби депозити пеш аз мӯҳлати шартномаи ворид шавад, дар ин ҳолат маблағ аз депозити мӯҳлатнок баргардонида мешаванд, аммо фоизҳои он аз рӯи меъёри муайяншуда барои депозитҳои пасандозӣ ҳисобӣ карда мешаванд.

Ба ғайр аз ин, Амонатгузор ҳуқуқ дорад барои гирифтани кредит бо меъёри фоизи амалкунандаи қарздиҳӣ вобаста ба маблағи гузошташуда, мӯҳлат ва асъори депозити мӯҳлатнок дастрас намояд. Дар баробари ин депозити мӯҳлатнок метавонад таъминоти кредити гирифташуда бошад. Ӯҳдадориҳои қарзӣ тавассути шартномаи алоҳидаи кредитӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.