Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

Маблағгузории тиҷоратӣ (амалиётҳои ҳуҷҷатӣ)

Дар шароити афзоиши муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва рушди ҳаҷми савдо миёни давлатҳои-шарик зарурияти истифодаи ҳисоббаробаркунии байналмиллалӣ ба миён меояд. Ҳангоми амалӣ намудани ҳамкориҳо дар тиҷорати байналмиллалӣ, пеш аз ҳама фаврият, эътимоднокӣ ва амиқии кор қадр мешавад. Имкониятҳои нав бояд ба ҳамаи ин талаботҳои вақт ҷавобгӯ бошанд.

ҶСК «Агроинвестбонк» ба мизоҷони худ бастаи нави хизматрасониҳоро бо номи Маблағгузории тиҷоратӣ пешниҳод мекунад. Маблағгузории тиҷоратӣ ин аз ҷониби Бонк маблағгузории ҳамкориҳои берунаи тиҷоратии мизоҷон бо истифодаи шаклҳои ҳисоббаробаркунии ҳуҷҷатӣ, кафолати бонкӣ ва хатҳои кредитӣ, ки ба Бонк аз тарафи институтҳои хориҷии молиявӣ пешниҳод гаштааст, мебошад. Маблағгузории тиҷоратӣ таназзули хавфҳоро, ки бо гузаронидани тиҷорати берунаи муомилот бо назардошти мавҷудияти кафолатҳои иловагӣ аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ вобастаанд таъмин мекунад.

Бартарияти истифодабарии маблағгузории тиҷоратӣ:

  • Воридкунанда барои молҳои дастраснамуда тамдиди пардохт мегирад. Дар баробари ин ба воридсозандаи хориҷӣ воситаҳои пулӣ дарҳол баъди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои борфарорӣ ба Бонк пардохт мешавад.
  • Маблағгузори тиҷоратӣ барои мизоҷ дар муқоиса бо меъёрҳои амалкунандаи кредити бонкӣ моҳиятан кам арзиш мебошад;
  • Воситаҳои хусусии дар гардиш будаи мизоҷ аз кор намемонанд (ҳангоми кушодани аккредитив ё ин ки баровардани кафолати бонкӣ мизоҷ воситаҳои пулиро барои захира намегузорад, балки шакли дигари таъминоти аккредитив ба Бонк пешниҳод менамояд);
  • Истифодабарии аккредитив ба мизоҷ имконият медиҳад, ки аз пардохтҳои пешмузд ба фоидаи тарафи қарордод даст кашад (дар ҳолати зарурати амалӣ намудани пешпардохт, Бонк метавонад кафолати баргардонидани пардохти пешмуздро барорад);
  • Имконияти истифодаи маблағгузории дарозмуддат;
  • Сохторсозии муомилоти тиҷорати беруна ва коркарди нақшаи матлуби - оптималии маблағгузорӣ бо ёрии мутахассисони баландтаҷрибаи Бонк, ки хароҷоти мизоҷро камтар мекунад ва манфиатнокии муомилотро меафзояд.

Агар мақсади Шумо – бадастоварии техника, таҷҳизот ва молҳои зуд фурӯхташаванда аз воридсозандагони хориҷӣ бошад, онгоҳ маблағгузории тиҷоратӣ – он чизе мебошад, ки ба Шумо зарур хоҳад буд.

Ин маҳсулот ба ҳисоби амалиётҳои фаъоли Бонкӣ ворид мешавад ва тартиби дида баромадани аризаи мизоҷ барои пешниҳоди Маблағгузории тиҷоратӣ бо тартиби дида баромадани аризаҳои мизоҷон барои гирифтани кредит шабоҳат дорад.

Муайяншавии меъёри фоизӣ вобаста ба Маблағгузории тиҷоратӣ дар рафти гуфтушунидҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва Бонк-шарики маблағгузор вобаста ба қарори баровардаи Бонк дар бораи пешниҳодоти маблағгузории тиҷоратӣ дар натиҷаи дида баромадани аризаи мизоҷ ба амал меояд.

Маълумоти дигари муфассалро оиди шартҳо ва талаботҳои Бонк, метавонед дар қисмати кредитҳо мувофиқи намуди фаъолияти Шумо бо мақсади маблағгузорӣ дастрас кунед.

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.