|
|
|
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
|
|
|
| |
|
23.05.2011
Ташрифи намояндаи «Райффайзенбонк» ба «Агроинвестбонк»
Намояндаи «Райффайзенбонк»-и Австрия -Сардори Мудирияти мизоҷони институтсионалӣ ҷ-би Шардико С.А. ба ҶСК «Агроинвестбонк» ташриф овард. Мақсад аз ташриф шиносоӣ бо фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории Агроинвестбонк ва густариши ҳамкориҳои тарафайн судманд байни бонкҳои мазкур мебошад. Дар мулоқот аз Агроинвестбонк ҷонишини Раиси Раёсат хонума Фаттидинова З.Б. ва сардорони бархе аз мудириятҳои Бонк ширкат доштанд. Мулоқотро хонума Фаттидинова З.Б. ифтитоҳ намуда, меҳмонро барои ташриф овардан ба Бонк хайра мақдам гуфт ва иштирокчиёни мулоқотро муаррифӣ намуд. Ҷ-би Шардико С.А. мухтасар дар бораи фаъолияти «Райффайзенбонк» ва ширкатҳои фаръии он дар кишварҳои Аврупо ва давлатҳои ИДМ маълумот дод. Бояд қайд кард, ки Низоми байналхалқии интиқоли маблағи «Быстрая почта» ба Бонки мазкур тааллуқ дорад. Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои кушодани хатти қарзӣ ва депозитӣ, маблағгузории тиҷоратӣ, паст кардани тарифҳои амалиётӣ бо евро (трансактсия), овердрафт ва дигар масъалаҳои барои ҳарду тараф ҷолибро муҳокима намуданд. Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо умед бар он бастанд, ки муносибатҳо байни ин ду бонк минбаъд боз ҳам бештар тақвият ёфта, ҳамкориҳои мутақобилайн судманд ҳаматарафа густариш меёбанд.
Ба қафо
| |
|
|
|
| |