|
|
|
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
|
|
|
| |
|
24.05.2011
Вохӯрӣ бо намояндагони БТ «ЕВРОТРАСТ»
Дар маҷлисгоҳи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии роҳбарони Бонк бо намояндагони БТ «ЕВРОТРАСТ» - муассиси Низоми байналхалқии интиқоли маблағҳои «Мигом» баргузор гашт. Намояндагии ин низоми интиқолиро Петрачков И.В. ва Чугунов Л.М. бар ӯҳда доштанд. Вохӯриро Ҷонишини Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» З.Б. Фаттидинова ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Дар вохӯрӣ кормандони ҶСК «Агроинвестбонк», сардори Мудирияти амалиётҳои дилингӣ ва нақдина- И. Раҷабов, сардори Мудирияти маркетинг ва таҳияи маҳсулоти бонкӣ –И. Ҷӯраев, ҷонишини сардори Мудирияти технологияҳои иттилоотӣ- Н. Аминзода, ҷонишини сардори Мудирият оид ба фурӯши маҳсулоти бонкӣ ва идоракунии нуқтаҳои савдо- Н. Ҳамзаев ва ғайраҳо ширкат намуда, фикру пешниҳодоти худро мавриди масъалаҳои марбута пешниҳод карданд. Дар рафти вохӯрӣ, масъалаҳои ҷудо намудани хати маблағгузорӣ барои қарзҳои байнибонкии кӯтоҳмуддат, густариши муносибатҳои муросилотӣ, табдили маълумотҳо оид ба тартиб ва чораҷӯӣ намудан нисбати амалиётҳои қаллобӣ тавассути низом, бехатарии низоми иттилоотӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷаи вохӯрӣ ҳама масъалаҳои аз ҷониби тарафҳо пешниҳодгашта, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дастгирӣ ёфт.
Ба қафо
| |
|
|
|
| |