07.06.2011
Вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк»
6 июни соли 2011, дар маҷлисгоҳи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи ҶСК «Агроинвестбонк» бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гашт.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Бонк Ф.Тағоймуродов оғоз намуда, аз ташрифи меҳмонон изҳори хушҳолӣ баён намуд. Дар вохӯрӣ инчунин Ҷонишини Раиси ҶСК «Агроинвестбонк»- Фаттидинова З, Сардори Мудирият оид ба фурӯши маҳсулоти бонкӣ ва идоракунии нуқтаҳои савдо - Шералиев Ф. ширкат варзиданд. Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Стефан Сташен - машваратчӣ доир ба масоили расонидани кӯмак ба кишварҳои камбизоати ҷаҳон ва Олга Томилова- машваратчии кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, хешро ба роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк» муаррифӣ намуда, ҳадаф ва мақсади гурӯҳи кории худро иброз намуданд.
Мақсади ин вохӯрӣ шиносоӣ аз рафти хизматрасониҳои бонкӣ, хусусан интиқоли маблағҳо ва пешниҳод гаштани онҳо ба мизоҷони бонк буд.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин оиди ҳамкории миёни ҶСК «Агроинвестбонк» ва «Руславбонк»-и Руссия, ки бештари мӯҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, тариқи низоми интиқолии ин бонк хизматрасонӣ мешаванд, табодули андеша доир гашт. Меҳмонон инчунин доир ба депозити «Ҳамватан», қарзи «Роҳкиро», тарзи дастрас гаштани маблағҳои интиқолшуда аз ҷониби мизоҷон таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби тарафайн пешниҳодоти мушаххас оид ба масъалаи дар оянда қавӣ гардонидани ҳамкориҳо миёни бонкҳо дар самти хизматгузориҳои интиқолӣ иброз гардид. Ҳамчунин пешниҳод гашт, ки минбаъд барои маълумоти саҳеҳ гирифтан дар бораи таҷрибаи хизматрасониҳои ҷаҳонӣ миёни ҷонибҳо вохӯриҳо доир хоҳад гашт.