Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

09.06.2011

Вохӯрии Бонки Исломии Рушд бо роҳбарони ҶСК «Агроинвестбонк»

7 июни соли 2011, вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи ҶСК «Агроинвестбонк» бо намояндагони Бонки Исломии Рушд баргузор гардид. Намояндагони Бонки Исломии Рушд ҷ-би Муҳаммад Умар Ҳусайн- таҳлилкунандаи молиявии Идораи хизматгузориҳои молиявии исломӣ ва ҷ-би Ҳасибуллоҳ Сиддиқӣ- Сардори Шӯъбаи машваратӣ ва дастгирии Идораи хизматгузориҳои молиявии исломӣ қайд намуданд, ки мақсади асосии ташрифи онҳо, иборат аз анҷом додани музокирот бо мақомоти дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва бонкҳои ҷумҳурӣ нисбати амалӣ гардидани лоиҳаи Кӯмаки Бебозгашт (Грант) оид ба ҷорӣ намудани усулҳои бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таваҷҷӯҳи меҳмононро инчунин масъалаҳои самти мушаххаси фаъолияти ҶСК «Агроинвестбонк» тариқи низоми бонкдории исломӣ, пешниҳод гаштани намудҳои маҳсулоти бонкӣ ба мизоҷон дар ин самт ва мавҷуд будан ё набудани монеаҳо барои амалисозии фаъолияти бонкдории исломӣ дар кишвар, ба худ ҷалб намуд.

Дар рафти вохӯрӣ инчунин ҳайати намояндагони Бонки Исломии Рушд, Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Ф.Ғ.Тағоймуродовро барои иштирок дар маҷлиси солонаи Бонки Исломии Рушд, ки он 27 июни соли 2011, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, даъват намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки ҳамкориҳои минбаъдаи судманди тарафайн дар рушди фаъолияти низоми бонкдории Тоҷикистон кӯмак хоҳад расонд.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.