13.06.2011
Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» доир гашт
11-июни соли 2011 дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк», маҷлиси Умумии солонаи саҳомони Бонк баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи навбатии саҳомони Бонк аъзоёни Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк», Саҳомони калони Бонк, меҳмонони даъватшуда ширкат доштанд. Маҷлиси умумии солонаи саҳомонро раиси Шӯрои Норзирони Бонк, Назаров Т.Н. оғоз бахшида, баррасии 9 масъаларо дар ҷаласа пешкаши ҳозирин намуд, ки бевосита ба фаъолияти Бонк тааллуқ доранд. Натиҷаҳои фаъолияти молияваии ҶСК «Агроинвеситбонк» дар соли 2010 аз ҷониби Раиси Бонк Тағоймуродов Ф.Ғ. пешниҳоди саҳомон гардонида шуд. Инчунин дар рафти ҷаласаи умумии саҳомони Бонк, суханронии Насриддинов А.С. – Раиси комиссияи тафтишотӣ, намояндагони БАРТ Улф Хиндстрём, Узакова М.Х. перомуни масъалаҳои мухталифи ба муҳокимаи маҷлиси саҳҳомон пешниҳодшуда, шунида шуд.
Боиси тазаккур аст, ки ҷаласаи умумии саҳомони Бонк барои соли молиявии 2011 ҶММ «Гранд Торнтон, Тоҷикистон» - аъзои Grant Thornton International Ltd – ро ба сифати аудитори берунаи ҶСК «Агроинвестбонк» тасдиқ намуд.