23.06.2011
Вохӯрии намояндагони низоми интиқолии «Monеy Gram International» бо ҳайати роҳбарикунандаи ҶСК «Агроинвестбонк»
21 июни соли 2011, дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии намояндагони низоми интиқолии «Monеy Gram International» бо ҳайати роҳбарикунандаи Бонк доир гардид. Намояндагони Низоми интиқолии «Monеy Gram International» Максим Кубровский- менеҷер оид ба дастгирии намояндагиҳо дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Исроил ва мамолики Аврупои Шарқӣ ва Алишер Туйчиев- Роҳбари самти рушди тиҷорат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қайд намуданд, ки мақсад аз ин вохӯрӣ баррасии масъалаҳои вобаста ба сари вақт пардохт намудани маблағҳои бо Низоми интиқолии «Monеy Gram International» воридшуда ва гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ барои амалиётчиёни сохторҳои интиқолии ҶСК «Агроинвестбонк» дар Саридора ва филиалҳо мебошад. Ҳамзамон меҳмонон ба масъалаҳои реклама ва маркетинг таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Ҷонишини Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» - Фаттидинова З.Б. изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба ҳамкориҳо ва вусъат бахшидани муносибатҳои тарафайн судманд дар сатҳ ва сифати баланд, ибрози назар намуд.