Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

24.06.2011

Вохӯрии намояндагони Шӯрои молиявии бонкии ИДМ бо роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк»

23 июни соли 2011, дар ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии намояндагони Шӯрои молиявии бонкии (ШМБ) ИДМ бо роҳбарияти Бонк доир гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Шӯрои молиявии бонкии ИДМ: ҷ-би Нефидов М.Ю. - Директори генералии Шӯрои молиявии бонкии ИДМ, ҷ-би Матовников М.Ю. - Директор оид ба рушди корпоративии Гурӯҳи «Интерфакс», аъзои Шӯрои машваратии назди Раиси Бонки Марказии ФР, ҷ-би Кахриманов А.М.– ҷонишини Директории генералии Шӯрои молиявии бонкии ИДМ иштирок доштанд. Дар рафти вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои иштироки фаъолонаи сохторҳои Шӯрои молиявии бонкии ИДМ дар татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ ва лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалбсозии институтҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳо оид ба созмондиҳии Маркази байналхалқии молиявии (МБМ) ИДМ, фароҳамсозии шароит барои баланд бардоштани обрӯву эътибори (рейтинги) бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти ҳамкориҳои минбаъда байни ШМБ ИДМ бо институтҳои молиявии Тоҷикистон, аз ҷумла бо ҶСК «Агроинвестбонк» баррасӣ ва муҳокима намуданд. Вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» ҷ-би Тағоймуродов Ф.Ғ. барои зоҳир намудани таваҷҷӯҳ ба фаъолияти Агроинвестбонк изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки барои рушд ва амалисозии фаъолияти ҳаматарафа, пешниҳоди намудҳои нави хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон, Агроинвестбонк омода аст ҳамкориҳоро бо ҷонибҳои ҳавасманд боз ҳам қавитар гардонад.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.