Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

28.06.2011

Вохӯрии роҳбарияти Бонк бо намояндагони Ширкати омӯзиши кормандони соҳаи бонкии Маҷористон

23 июни соли ҷорӣ дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» Раиси Бонк Фаррух Тағоймуродов Президенти Ширкати омӯзиши кормандони соҳаи бонкии Маҷористон доктор Ҷудит Тос ва ноиби Президенти ин Ширкат хонума Эрика Марширо, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Агроинвестбонк Ҷонишини якуми Раиси Бонк Сунатулло Бобоев низ ҳузур дошт. Меҳмонон арзи сипоси хешро барои аз ҷониби роҳбарияти Бонк қабул гаштанашон иброз дошта, мухтасар мақсади ташрифашонро баён карданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Ширкат нахустин маркази таълими бонкдорӣ дар Аврупо буда, бештар аз 25 сол фаъолият дорад, ва то имрӯз омӯзонидани кормандони соҳаи бонкиро дар мамолики Аврупо, Осиё, давлатҳои араб ва дигар кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Олмон, Албания, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Русияву Украина ва ғайра бомуваффақият ба роҳ мондааст. Қайд бояд намуд, ки фаъолияти Ширкат бо ду самти асосӣ пеш меравад, ки яке омӯзонидани кормандони соҳаи бонкдорӣ ва дигарӣ пешниҳод намудани хизматрасонии машваратӣ мебошад. Алҳол Ширкат мақсад дорад самти фаъолияташро ҷониби кишварҳои Шарқ равона кунад ва бо пешниҳод намудани хизматрасониҳои хеш дар бозори Тоҷикистон устувор гардад. Меҳмонон сабаби дар ҷумҳурӣ ва дар ҶСК «Агроинвестбонк» доир намудани боздиди нахустинро шарҳ дода иброз доштанд, ки ба андешаи онҳо алҳол Агроинвестбонк дар бозори Тоҷикистон аз ҷумлаи бонкҳое мебошад, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандонаш аҳамияти калон медиҳад. Дар навбати хеш Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Фаррух Тағоймуродов меҳмононро барои ташрифашон ба Тоҷикистон ва Агроинвестбонк хайра мақдам гуфта, мухтасар доир ба таърихи таъсисёбии бонк, натиҷаҳои молиявии кунунӣ, нақшаҳои стратегии он маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки яке аз нақшаҳои асосие, ки дар ояндаи наздик бояд амалӣ гардад, ин ба хотири такмил додани ихтисос ва савияи дониши мутахассисони бонкӣ, дар заминаи ҶСК «Агроинвестбонк» ташкил намудани Маркази доимамалкунандаи омӯзиши кормандони ҳам Агроинвестбонк ва ҳам бонкҳои дигари ҷумҳурӣ мебошад. Алҳол омӯзонидани кормандони бонк мунтазам дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он сурат мегирад, бо вуҷуди он, ки таҳсил дар хориҷ хароҷоти зиёдеро талаб мекунад. Маркази наве, ки мо мехоҳем ташкил диҳем, - гуфт Раиси Бонк, бояд тамоми сол амал кунад ва барои таълим додан омӯзгорони беҳтарин даъват шаванду таҷрибаи пешқадам ва замонавии шарикони хориҷии мо мавриди истифода қарор гиранд. Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки азбаски мақсад ва нақшаҳои тарафҳо оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ ба ҳам наздиканд, метавон дар оянда дар ҳамин замина ҳамкориҳои тарафайн судмандро ба роҳ монд.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.