|
|
|
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
|
|
|
| |
|
06.07.2011
ҶСК «Агроинвестбонк» ва Корпоратсияи исломӣ созишнома ба имзо расониданд
6 июли соли 2011. Раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Ф. Тағоймуродов аз 26 то 30 июни соли 2011 дар маҷлиси солонаи Бонки Исломии Рушд, ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ширкат варзид. Дар рафти ин ҷаласа байни ҶСК «Агроинвестбонк» ва Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ дар бораи ташкил намудани хатти сармоягузорӣ ба маблағи 7 млн. доллари ИМА созишнома ба имзо расид. Созишномаро аз ҷониби Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Директори иҷроия ҷ-би Халид Ал- Абудӣ ва аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» Раиси Раёсат Ф. Тағоймуродов имзо карданд. Ин созишнома пешниҳоди сармоягузориро дар асоси шарту талаботҳои Шариат ва риояи усулҳои бонкдории исломӣ барои бахши хусусии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Ба қафо
| |
|
|
|
| |