21.07.2011
Дар ноҳияи Синои пойтахт 62 - юмин филиали ҶСК «Агроинвестбонк» кушода шуд
20.07.2011. Ба ифтихори рӯзи бистсолагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Синои пойтахт 62 - юмин филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дарҳои худро барои мизоҷон боз намуд. Дар чорабинии тантанавии кушодашавии филиал Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Фаррух Тағоймуродов, дигар роҳбарон ва кормандони Бонк, Мушовир оид ба масъалаҳои бонкии ширкати Maxwell Stamp ҷаноби Лиам Макменамин, соҳибкорони ноҳияи мазкур ва меҳмонони даъватшуда ширкат намуданд.
Маросими тантанавии кушодашавии филиалро бо буридани лентаи рамзӣ Раиси Бонк Ф. Тағоймуродов кушод. Ҳангоми суханронии ифтитоҳиаш ӯ қайд намуд, ки татбиқи чорабиниҳои бонк дар мавриди ба истифода додани биноҳои нави филиалҳо, танҳо дар фазои сулҳу оромӣ, рушди босубот ва рӯ ба тараққиёт ниҳодани Тоҷикистони соҳибистиқлол имконпазир гардидааст, ки натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар, мӯҳтарам ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба таври кӯтоҳ вазъи молиявии кунунии Бонкро шарҳ дода, Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» натиҷаҳои фаъолияти панҷсолаи Бонкро, аз соли 2006 то ин замон натиҷагирӣ намуда, қайд кард, ки дар ин давра теъдоди мизоҷони Бонк ба маротибҳо афзудааст. Дар натиҷа дар ин давра дороиҳои Бонк 6 маротиба зиёд шуда, 2 млрд. 26 млн. сомонӣ, сармоя 4,5 мароти афзуда 269 млн сомонӣ, сандуқи қарзӣ 7 маротиба боло рафта 1 млрд. 442 сомониро ташкил додааст. Дар тӯли ин солҳо амонатҳои аз аҳолӣ ҷалб гардида низ ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд. Агар дар соли 2006 пасандози аз аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо ҷалб намудаи кормандони Бонк 206 млн. сомониро ташкил дода бошад, ба ҳолати имрӯз он 6 маротиба афзоиш ёфта, 1 млрд. 235 млн. сомониро ташкил додааст. Ф. Тағоймуродов қайд намуд, ки ноҳияи Сино яке аз ноҳияҳои калонтарин, сернуфузтарин ва саноатии пойтахти мамлакат мебошад. Дар ин ноҳия инчунин ба таври устувор соҳаи тиҷорати хусусӣ рушд ёфта истодааст, ки бешубҳа ба дастгирии бонкӣ эҳтиёҷ дорад. Бо назардошти ҳамаи ин, Роҳбарияти Бонк лозим шуморид, дар ноҳияи мазкур 62 - юмин филиали ҶСК «Агроинвестбонк» - ро кушояд, ки ба аҳолӣ намудҳои асосии хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамояд. Дар хотимаи суханронии хеш Ф. Тағоймуродов соҳибкорони кишварро даъват намуд, ки фаъолона бо ҶСК «Агроинвестбонк» ҳамкорӣ намуда, вазъи молиявии хешро беҳтар кунанд ва саҳми худро дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, некӯаҳволии аҳолии мамлакат гузоранд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии филиали Бонк, намояндаи меҳмонони даъватшуда Насриддин Ибодов суханронӣ намуда, ба кормандони филиали навтаъсис баҳри рушди фаъолияти низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақият ва барори кор таманно намуд. Дар навбати худ Мушовир оид ба масъалаҳои бонкии ширкати Maxwell Stamp ҷаноби Лиам Макменамин дар баробари таманно намудани муваффақият ба фаъолияти минбаъдаи кормандони филиал, изҳори умедворӣ намуд, ки онҳо аз ӯҳдаи иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, оид ба ҷалби бештари мизоҷон ва пеш бурдани фаъолияти фоидаовар бо сарбаландӣ мебароянд.
Боиси тазаккур аст, ки айни замон бо кушодани филиали нав, Роҳбарияти Бонк боз 14 нафар мутахассисони ҷавонро бо ҷои кории доимӣ таъмин намуда, барои онҳо шароитҳои мусоиди кории ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байналхалқӣ фароҳам сохтааст. Пешбинӣ шудааст, ки бо афзудани ҳаҷми амалиётҳои бонкӣ, дар соли 2011 теъдоди кормандони филиали навтаъсиси мазкур ба 27 нафар расонида мешавад.