Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

01.09.2011

Депозити нав аз ҶСК «Агроинвестбонк»

Бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2011 то 29 сентябри соли 2011 иқдоми қабули депозит дар филиали бонк дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (назди бозори «Фаровон»).

Дар арафаи 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Агроинвестбонк» намуди нави хизматрасонии бонкӣ – депозити «Беҳтарин» - ро пешкаши мизоҷони хеш гардонд. Депозити «Беҳтарин» аз депозитҳои қаблан дар Бонк кушодашуда бо он фарқ мекунад, ки амонатгузор метавонад дар рӯзи кушодани ин намуди ҳисоби депозитӣ ва ба он ворид намудани маблағ, ҳамаи фоизҳои барои як сол ҳисоб шударо, баъд аз пардохтани андозҳо, якбора бигирад. Мӯҳлати ба амонат гузоштани маблағ дар депозити «Беҳтарин» як сол мебошад. Андозаи фоизи малбағи ба амонат гузошташуда, ба асъори ҳисоби депозит вобастагӣ дорад. Депозити мазкур бо пули миллӣ – сомонӣ, доллари ИМА, рубли Россия ва евро қабул карда мешавад. Меъёри фоизӣ бо сомонӣ 18% - и солона, бо доллари ИМА – 16% , бо рубли Россия – 12% ва бо евро 9% солонаро ташкил медиҳад. Дар депозити «Беҳтарин», андозаи ҳадди ақали амонати гузошташаванда, бо пули миллӣ – 1000 сомонӣ, бо доллари ИМА – 300 доллар, бо рубли Россия – 5000 рубл ва бо евро 200 евро муқаррар шудааст.

Маълумотнома: Айни замон дар низоми ҶСК «Агроинвестбонк» 14 намуди хизматрасонии депозитӣ фаъол мебошад. Депозитҳои «Классик», «Классик +», «Ҳамватан» ва депозити нафақавии «Роҳат» депозитҳои пасандозӣ буда, депозитҳои «Мӯҳлатнок», «Рамз», «Капитал», «Муфид», «Солона», депозити кӯдаконаи «Насл», депозитҳои комплексии «Хона» ва «Дурахшон», депозити бурдноки «Миллион» ва депозити «Беҳтарин» ба зумраи амонатҳои мӯҳлатнок дохил мешаванд. Ба ҳолати 1 августи соли 2011, шумораи амонатгузорони ҶСК «Агроинвестбонк» ба 103,4 ҳазор нафар расида, аз онҳо ба сифати пасандоз 1,3 млрд. сомонӣ ҷалб карда шудааст.

Депозити мӯҳлатноки «Беҳтарин - Икдом»


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.