06.09.2011
Таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агроинвестбонк
1 сентябри соли равон дар майдони ба таври идона оросташудаи Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар ин чорабинии тантанавӣ меҳмонон: Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, шоир, файласуф ва рӯзноманигор Назри Яздонӣ, рӯзноманигор - мудири шӯъбаи иқтисодии рӯзномаи «Садои мардум» - Далер Мерганов, рузноманигори рӯзномаи «Чархи гардун» Ҷамила Ҳусейнова, рӯзноманигор ва наворбардори телевизиони «Ҷаҳоннамо» - Парвиз Аминов ва Худоӣ Наврӯз, инчунин дастаи ҳунарӣ бо роҳбарии сарояндагон - Тобиш Ҳилолӣ ва Ҳақназари Ҳукумзод даъват шуда буданд.
Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва миллӣ аз ҶСК «Агроинвестбонк» Раиси Бонк, аъзоёни Раёсат, роҳбарони воҳидҳои сохтории дар ш. Душанбе воқеъгардида ва кормандони Саридораи Бонк ширкат варзиданд.
Устод Мӯъмин Қаноат ва Назри Яздонӣ низ дар мавзӯи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз хусуси таърихи муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият дар давраҳои мухталифи мавҷудияти худ, аз хусуси моҳияти таърихии истиқлол дар рушди иқтисодиёти миллӣ, инчунин дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои мустақилият қиссаҳо карданд ва аз шеърҳои тоза эҷодкардаи хеш дар ин мавзӯъ қироат намуданд.
Ҳунармандон-Тобиш Ҳилолӣ ва Ҳақназари Ҳукумзод бо суруду таронаҳои ба мавзӯъҳои истиқлолият, ватан ва сулҳу ваҳдат бахшидашуда ба ҷашн шукӯҳу шаҳомати хоса зам намуда, табъи ҳизиринро хушу болида гардониданд. Як зумра кормандони Бонк низ бо рақсу шеърхониҳои хеш барои боз ҳам хубтару шавқовартар гузаштани ҷашн саҳм гузоштанд.