Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

08.09.2011

Иқдоми нави ҶСК «Агроинвестбонк» дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсат ва ҳайати кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои ҷашниро ба нақша гирифтаанд, ки имрӯзҳо дар арафаи ин иди бошукӯҳ мунтазам амалӣ мешаванд.

Иқдоми навбатие, ки дар «Агроинвестбонк» пиёда карда шуд, ҳамчунин ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. «Агроинвестбонк» дар арафаи иди истиқлолият мизоҷони боэътимоди худро ба таври ҳадя соҳиби кортҳои «VISA-GOLD» ва «VISA-CLASSIC» намуд. Ёдовар мешавем, ки кортҳои номбаршуда дорои имкониятҳои васеи электронии замонавӣ буда, дар тамоми гӯшаҳои дунё, дар нуқтаҳои савдою тиҷорат ва хизматрасонӣ барои пардохти арзиши амволи харидашуда ва хизматҳои расонидашуда, инчунин гирифтани пули нақд аз банкоматҳо истифода мешаванд. Дорандагони кортҳои «VISA-GOLD» ва «VISA-CLASSIC» метавонанд инчунин тариқи шабакаи интернетӣ аз дилхоҳ муассисаҳои тиҷоратии дунё молу ашёи мувофиқи табъи худро харидорӣ намоянд, ҳангоми берун аз кишвар сафар намудан тавассути кортҳои мазкур чиптаҳои тайёра бихаранд, ҳаққи хизматрасонии меҳмонхонаҳоро пардохт намоянд. Умуман кортҳои зикршуда дар ҷаҳони муосир имрӯз мақоми хеле баландро соҳиб буда, дорандагони он ашхоси бонуфузи ҷомеа ба шумор мераванд.

Шумораи мизоҷони соҳиби кортҳои ҳадяшуда имрӯз дар маҷмӯъ 54 – нафарро ташкил медиҳанд.

Ин чорабинии мазкури идона метавонад дар оянда барои ҳавасмандгардонӣ, таҳким ва рушди муносибатҳои тарафайн миёни Бонк ва мизоҷони он заминаи устуворе муҳайё созад.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.