Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

12.09.2011

Ба кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» Ифтихорномаҳои ҷашнӣ супорида шуд.

8-сентябри соли ҷорӣ дар радифи чорабиниҳои ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидашуда, дар толори калони ҶСК «Агроинвестбонк» ба як қатор кормандони фаъол ва собиқадори Бонк Ифтихорномаҳои фахрӣ супорида шуд.

Ин шахсон кормандоне буданд, ки тули собиқаи кории зиёд тавонистанд дар пешрафту рушди фаъолияти бонкӣ чӣ дар филиалҳо ва чӣ дар Саридора, саҳми беандоза гузоранд ва дар низоми кории худ ба муваффақиятҳои назаррасе ноил шаванд.

Доир намудани ин гуна омодагиҳо на танҳо руҳияи идонаи кормандонро баланд бардошта, онҳоро бо чанд лаҳзаи эҳсоси хушҳоливу фараҳ таъмин месозад, балки махсусияти дигари муҳим он аст, ки минбаъд ҳам худи ин кормандон ва инчунин коргарони дигару ҷавон низ метавонанд ҳавасманд гашта, боз ҳам бештар бо азму талошу нерӯи тоза заҳмат кашанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар ва низоми муосири бонкӣ саҳми беандозаи худро гузоранд.

Зикр бояд намуд, ки ифтихорномаҳоро ба соҳибонашон Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Тағоймуродов Ф.Ғ. бахшиданд ва барои фаъолияти имрӯзаву минбаъдаи кормандон барор таманно карда, иштирокдорони ин чорабиниро ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуданд.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.