16.09.2011
ҶСК «Агроинвестбонк» намуди нави хизматрасонӣ “SMS-хабар»-ро пешниҳод намуд
ҶСК «Агроинвестбанк» шурӯъ аз 1 сентябри соли 2011 ба дорандагони кортҳои пластикии Агроинвестбонк намуди нави хизматрасонии “SMS-хабар»-ро пешниҳод намуд. Хизматрасонии “SMS-хабар» имконият медиҳад, ки амалиётҳои аз рӯи корти пластикӣ анҷомдодашуда назорат карда шаванд. Маълумот дар шакли SMS-хабарҳо ба телефони мобилии дорандаи корти пластикӣ ирсол карда мешавад.
Маълумотҳое, ки аз тарафи Бонк ба дорандаи корти пластикии Агроинвестбонк пешниҳод карда мешавад:
-
Маълумот оиди ҳар як амалиёт бо ҳисоби корти пластикии дорандаи корт;
-
Маълумот оид ба итмом расидани мӯҳлати амали корти пластикӣ;
-
Маълумот оид ба хизматрасониҳои ҶСК «Агроинвестбонк»;
Маълумотҳое, ки аз ҷониби Бонк ба дорандаи корти пластикии ҶСК «Агроинвестбонк» бо дархости онҳо тавассути ирсоли SMS-хабарҳо ба рақами 98 598 68 68 пешниҳод мешаванд:
-
Бастани ҳисоби корти пластики: (Deactive 1234 )
-
Кушодани ҳисоби корти пластики: (Active 1234)
-
Маълумот оиди бақияи маблағ дар ҳисоби корти пластикӣ: (Balance 1234)
-
Манъ намудани воридоти SMS-хабарҳо:(Notifyoff 1234)
-
Кушодани дастрасии воридоти SMS-хабарҳо:(Notifyon 1234)
-
Маълумот оиди қурби асъори хориҷӣ:(Rate 1234)
-
Руйхати фармонҳои дастрас тариқи SMS: (Command 1234)
*Эзоҳ: Ба ҷои рақамҳои «1234» бояд 4 рақами охири корти пластикии мизоҷ навишта шавад. Барои пайваст шудан ба хизматрасонии «SMS-хабар» мизоҷ бояд, ки муштарии яке аз операторони мобилии Тоҷикистон бошад.