Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

06.10.2011

Маҷлиси ботантана бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5.10.2011с. дар ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона баргузор гардид. Дар рафти ин ҷаласа масъулон аз дастовардҳои тайи солҳо дар ин ҷода бадастоварда ҳисобот дода, ба ин муносибат ҳамдигарро табрику таҳният гуфтанд. Дар ҷаласа аз ҷониби Роҳбарияти Бонк ва ҳайати Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар ҶСК «Агроинвестбон» зикр гашт, ки дар партави кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар роҳи татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба харҷ додаанд, бояд ҳар як корманди Бонк низ худро масъул донад ва барои ҳифз намудан ва рушди забони тоҷикӣ саҳми беандоза гузорад.

Рӯзномаи маҷлис мавзӯҳоеро дар бар мегирифт, ки барои таъмини ҳамаҷонибаи амалӣ сохтани татбиқи қонуни забони давлатӣ чӣ дар самти ҳуҷҷатнигорӣ ва чӣ дар муносибату муошират бо мизоҷони бонк заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Раиси Комиссияи татбиқи Конуни забони давлатӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк»- Мирзомурод Маҷидов зимни сӯҳбати худ қайд намуданд, ки ҳар як корманди Бонк забони тоҷикиро, ки мақому мартабаи баланд-ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ро касб намудааст, бояд ҳамеша қадр кунад ва барои беолоишу покиза нигоҳ доштанаш саҳмгузор бошад.

Забони давлатӣ ба тасвир оинаи таҷаллидиҳандаи дороиҳои ҳар миллат маҳсуб меёбад ва аз ин ҷиҳат поку шаффоф нигоҳ доштани он метавонад моро дар тамоми дунё ҳамчун миллати боифтихору сарбаланд ва арҷгузоранда ба ҳама неъматҳои миллии худ, муаррифӣ созад. Вақти он расидааст, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ дар ин ҷода ва баҳри рафъ намудани камбудиҳои мавҷуда саҳм бигирем ва дар ин аҳди хеш устуворона қадам гузорем- зикр гашт зимни кори ҷаласаи идона аз Ҷониби Роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк».


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.