17.10.2011
Вохӯрии роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк» бо намояндагони БАТТ
13 октябри соли 2011 дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии роҳбарияти Бонк бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт (БАТТ) баргузор гашт. Дар ин вохӯри аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» Раиси Бонк Ф.Тағоймуродов ва дигар роҳбарони дирексия ва мудириятҳои Бонк – Бобоев М., Раҷабов И., Қарақулов Ш., Маҷидов М., Яқубов Б., Ҳайитов А. ва дигарон ширкат доштанд.
Дар вохӯрии номбаршуда аз ҷониби БАТТ ҷ-би Улф Хиндстром – Роҳбари Намояндагии БАТТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Нина Омес – Роҳбари Шӯъбаи Мудирияти Иқтисодии БАТТ оид ба Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҷ-би Питер Табак – иқтисодчии БАТТ, ҷ-би Ҷеймс Турнбул – Мутахассиси калони бозори коғазҳои қиматнок ва ҷ-би Хироши Тсубота – Менеҷери калони Шӯъбаи хазинадории БАТТ иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ инчунин Намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳамоҳангсоз оид ба рушди сектори молиявӣ ва хусусии Давлатҳои Осиёи Марказӣ- Эммануэл Салинас иштирок намуд.
Дар рафти вохӯрӣ як қатор масъалаҳо, ба монанди: сармоякунонии сектори бонкӣ ва фоиданокӣ; қарзҳои бонкӣ ва қарзҳои мушкилситон; сабабҳои долларкунонӣ, оқибат ва чораҳои танзимӣ барои кам намудани дараҷа ва хавфҳои долларкунонӣ; асъори хориҷӣ ва номутобиқатии мӯҳлатҳо; бозори воситаҳои зудфурӯш, свопи асъорӣ ва бозори такрории коғазҳои қиматнок баррасӣ гаштанд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва самимият гузашт.