Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

25.11.2011

Рӯзи Парчами давлатӣ дар «Агроинвестбонк» дар фазои идона баргузор гашт.

24-11-2011, дар маҷлисгоҳи Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷаласаи ботантана шоир, файласуф ва донишманди шинохта - Назри Яздонӣ, гурӯҳи рӯзноманигорон, кормандон ва роҳбарияти «Агроинвестбонк» ширкат намуданд. Қайд намудан бамаврид аст, ки аз пагоҳии субҳи рӯзи 24-уми ноябр саҳни бинои Бонк ба тарзи идона оро дода шуда буд ва тариқи мониторҳои наворнамоишдиҳӣ вобаста ба Рӯзи Парчами давлатӣ сужаҳои таърихӣ намоиш дода шуданд.

Раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Ф.Ғ. Тағоймуродов меҳмононони чорабинӣ ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки парчамдории тоҷикон таърихи тӯлонӣ дошта, дар ҳамаи давру замонҳо мардуми тоҷикро барои ба даст овардани истиқлолияту осоиштагӣ роҳнамоӣ мекард. Имрӯз низ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлати соҳибистиқлол, ҳамеша дар сафи пеш асту мардуми кишвари азизамонро барои иҷрои нақшаҳои бузурги давлату миллат ҳидоят менамояд. Алҳол Тоҷикистон ба сифати давлати соҳибистиқлол аз ҷониби кишварҳои олам шинохта шудааст. Парчами Тоҷикистон, чун рамзи давлатдории тоҷикон дар баробари парчамҳои дигар давлатҳо, дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид, сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқие, ки ҷумҳуриамон аъзои он мебошад ва биноҳои ҳукумативу дигар ташкилотҳои давлатӣ партавфишон аст. Эҳтироми Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Сипас, меҳмони чорабинии идона - Назри Яздонӣ барои аҳли нишаст аз таърихи бистсолаи Парчами давлатии даврони истиқлол ва ҳикмати ба миён омадани Дирафши ковиёнӣ, ки далел аз таърихи бостонии аҷдодони мо ва талошу набардҳои онон баҳри озодиву истиқлоли тафаккури миллии мардум мебошад, мисолҳо оварда, қиссаҳо карданд. Назри Яздонӣ қимати таърихӣ, имрӯзӣ ва фардоии арзишҳои миллиамон, бахусус нишон ва парчами давлатиро бори дигар ба аҳли ҷамъомади идона ёдрас намуданд ва таъкид карданд: - Давлате, ки соҳибпарчам аст, он ҳамеша устувор ва пойбарҷост ва миллате, ки парчами худро қадр мекунад, метавонад Ватани худро аз таҳдиду хавфҳои гуногун ҳамеша ҳифз намояд.

Ҷашни Парчами давлатӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк» бо таасуроти ғанӣ ва гуворо тавонист дар зеҳнҳои ҷамъомадагон таъсири хотирмоне гузорад.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.