Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

28.11.2011

Иқдоми нави якҷояи Низоми «Интиқоли байналхалқии маблағҳо ЛИДЕР» ва ҶСК «Агроинвестбонк»

«Комплимент от Лидера, Лутфи Лидер»- чунин ном дорад, иқдоми якҷояи Низоми Интиқоли маблағҳо «Лидер» ва ҶСК «Агроинвестбонк», ки дар филиалҳои Бонк аз 1-уми декабри соли 2011 то 31- уми январи соли 2012 гузаронида мешавад. Иштирокчиёни иқдом танҳо ҳамон мизоҷони ҶСК «Агроинвестбонк» ба шумор мераванд, ки дар давраи гузаронидани иқдом маблағҳои худро тавассути Низоми «Интиқоли байналхалқии маблағҳо Лидер» интиқол дода бошанд. Шарти асосии иштироки ҳар як мизоҷ дар ин иқдом 5 маротиба интиқол додани маблағ тавассути Низоми ЛИДЕР дар давраи дар боло қайдшуда мебошад. Мизоҷе, ки шумораи ишорашудаи интиқоли маблағҳоро амалӣ намудааст, дар филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ба сифати тӯҳфа обҷӯшон (термос) мегирад. Қайд кардан зарур аст, ки миёни ҳамаи мизоҷони дар давраи иқдом тавассути Низоми ЛИДЕР маблағ интиқолдода, бо шумораи бештари интиқолҳо (на камтар аз 5), дар шӯъбаҳои ҶСК «Агроивестбонк» 30-нафари беҳтарин муайян карда мешавад. Ғолибон бо мукофотҳои асосӣ- плитаҳои электрикӣ мукофотонида мешаванд.

Илова бар ин Низоми «Интиқоли байналхалқии маблағҳо ЛИДЕР» мизоҷони ҶСК «Агроинвестбонк»-ро даъват менамояд, ки иштирокчии барномаи Бонусдори Низоми ЛИДЕР гарданд. Шарти штирок дар барнома, ин доштани Корти Мизоҷи Низоми ЛИДЕР мебошад, ки барои интиқол ва пардохти маблағҳои интиқолӣ дар хазинаҳои бонк пешниҳод шудааст. Афзалияти истифодабарии Корти Мизоҷ дар ихтисори вақт, чӣ ҳангоми фиристодан ва чӣ ҳангоми гирифтани маблағҳои интиқолӣ инъикос меёбад, инчунин барои штирок намудан дар барнома барои мизоҷон «ЛИДЕР- Бонус» мусоидат менамояд. Корти мазкур ба мизоҷони Бонк ройгон дода мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқол тавассути Корти Мизоҷ ба корт бонусҳо ҳисоб карда мешаванд, ки баъдан мизоҷ метавонад онҳоро ба сифати тахфиф барои комиссия ҳангоми амалӣ намудани интиқоли навбатӣ сарф намояд ва инчунин бонусҳои ҷамъшударо ба сертификатҳои тӯҳфавӣ иваз намояд.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.