Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

12.12.2011

Иқдоми муштараки ҶСК «Агроинвестбонк» ва Низоми байналхалқии пардохтии «MasterCard»

Дар арафаи Соли нав ҶСК «Агроинвестбонк» ва Низоми байналхалқии пардохтии «MasterCard» иқдоми муштаракеро доир менамоянд, ки мақсади асосии он афзун гардонидани гардиши маблағҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пластикии Низоми MasterCard ва Maestro мебошад. Ҳамаи дорандагони кортҳои пластикии Низоми MasterCard ва Maestro-и ҶСК «Агроинвестбонк», ки дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ барои моли харидоришуда ва хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ ҳисобӣ менамоянд, метавонанд иштирокчии ин иқдом бошанд. Боиси тазаккур аст, ки ғолибони иқдоми мазкур аз рӯи низоми пардохтҳои тавассути ҶСК «Агроинвестбонк» суратгирафта ва аз рӯи ду нишондод муайян карда мешаванд:

1) аз рӯи ҳаҷми маблағи амалиётҳои ғайринақдии ҳадди аксари дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ суратгирифта. Аз рӯи нишондиҳандаи мазкур даҳ тӯҳфа ва як шоҳтӯҳфа муайян шудааст.

2) аз рӯи шумораи амалиётҳои ғайринақдии ҳадди аксари дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ суратгирифта. Аз рӯи ин нишондиҳанда низ даҳ тӯҳфа ва як шоҳтӯҳфа муайян карда шудааст.

Ба онҳое, ки аз рӯи нишондиҳандаи гурӯҳи якум ғолиб мебароянд, телевизори плазмавии 3D LG + кинотеатрии хонагии LG (шоҳтӯҳфа) ва дигар тӯҳфаҳо аз қабили ноутбуки Samsung, телефонии мобилии Apple iPhone, мошинаи зарфшӯии Bosh, плитаи газии шишаву сафолини Gorenje EC, мошинаи либосшӯии LG, дастгоҳи суратгирии LUMIX Panasonic, дастгоҳи обгармкунии Ariston, бухории барқии кӯтоҳмавҷ (микроволновая печь), чангкашак ва чойники барқӣ супорида мешавад. Ғолибони ин иқдомро, ки аз рӯи нишондиҳандаи гурӯҳи дуюм муайян шудаанд, шоҳтӯҳфа – роҳхат барои ду нафар ба муддати ҳафт рӯз ба осоишгоҳи «Баҳористон», ки шароит ва хизматрасонии дараҷаи олиро соҳиб мебошад ва дигар тӯҳфаҳо ба мисли яхдони LG, ЖК телевизор + флеш корт, дастгоҳи наворбардории Panasonic, кондитсионери Samsung, кинотеатри хонагии LG, бухории нонпазии Panasonic (хлебопечка), радиотелефони DECT Panasonic, чангкашак, дастгоҳи суратгирӣ ва флеш корт интизор аст.

Ёдовар мешавем, ки ин иқтидоми маркетингӣ аз санаи 10 декабри соли 2011 шурӯъ шуда то санаи 10 марти соли 2012 идома меёбад. Аз рӯи натиҷаҳои иқдоми муштараки гузаронидаи ҶСК «Агроинвестбонк» ва Низоми байналхалқии пардохтии «MasterCard», маъракаи супоридани тӯҳфаҳо ба ғолибон, 19 марти соли 2012 сурат мегирад.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.