23.12.2011
ҶСК «Агроинвестбонк» ва Visa ба фаъолият шурӯъ намудани аввалин маркази протсессингиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамоянд
• Агроинвестбонк доир ба фаъол шудани аввалин маркази протсессингии аз ҷониби ширкати Visa сертификатсия кунонидашударо дар ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд
• ҶСК «Агроинвестбонк» аввалин бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои амалӣ намудани эквайринги савдоӣ иҷозатномаи Visa – ро гирифтааст
Душанбе, 21 декабри соли 2011 – ҶСК «Агроинвестбонк» ва ширкати Visa доир ба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудани аввалин маркази протсессингии ҶСК «Агроинвестбонк», инчунин барои хизматрасонӣ ба муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон, ба сифати бонк – эквайер фаъолият намудани бонк эълон менамоянд. Ба фаъолият шурӯъ намудани аввалин маркази протсессингӣ, барои тамоми ҷомеаи бонкии кишвар воқеаи муҳим маҳсуб мешавад. Қаблан дар Тоҷикистон коркарди транзаксияи (амалиёти бонкӣ, ҳаволаи пул барои ягон мақсад) бонкҳои иштирокчии Visa, тавассути хизматрасонии протсессингии байнисарҳадӣ амалӣ мегаштанд. Маркази нави протсессингии ҶСК «Агроинвестбонк», ба бонк имконият медиҳад, ки мустақилона транзаксияҳоро аз рӯи кортҳои Visa – и худӣ дар дилхоҳ нуқтаи савдо (чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи дар берун аз он), инчунин аз рӯи кортҳои Visa – и дигар бонкҳо дар шабакаи банкоматӣ ва савдоӣ хеш коркард намояд.
Дар баробари нигоҳ доштани мақоми Иштирокчии принсипиалии Visa, ҶСК «Агроинвестбонк» имконият дорад, ки ба бонкҳои Тоҷикистон натанҳо барои гирифтани мақоми иштирокчии вобастаи Visa мусоидат намояд, балки бо хароҷотҳои нисбатан кам, ба онҳо хизматрасонии протсессикунониро (ҷараёникунониро) пешниҳод намояд. Аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» ба даст овардани иҷозатномаи Visa, барои татбиқ намудани эквайринги савдоӣ ва бо муваффақият гузаштани сертификатсиякунонии техникӣ, ба бонк имконият медиҳад ба муассисаҳои савдо ва хизматрасонии Тоҷикистон ба таври алоҳида хизмат расонад, ки ин барои ҳамаи иштирокчиёни бозор бартариҳо ва шароитҳои нав муҳайё месозад.
ҶСК «Агроинвестбонк» ҳамкориро бо ширкати Visa аз соли 2003 шурӯъ намуда, мақоми иштирокчии вобастаро соҳиб шудааст. Дар соли 2007 ҶСК «Агроинвестбонк» мақоми худро то ба дараҷаи Шарики принсипиалии низоми пардохтии Visa боло бардошт. Гузаронидани низоми коркарди транзаксияҳо аз рӯи кортҳои Visa ба иқтидорҳои протсессингии худӣ ва ба даст овардани иҷозатномаи Visa ба эквайринги савдо, барои татбиқи стратегияи ҶСК «Агроинвестбонк» ба хотири ноил гардидан ба мавқеи пешсафӣ дар бозори кортҳои пластикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қадамҳои устувори ҳуқуқӣ гардиданд.
«Бо иқтидори пурра ба кор даровардани маркази протсессингӣ, имкон медиҳад, ки ба сатҳи нисбатан баланди хизматрасонии мизоҷон расида, имкониятҳои истифодабарии кортҳо ва вазифаҳои шабакаи терминалҳои бонкҳо васеътар карда шаванд, - шарҳ медиҳад Раиси бонк Фаррух Ғолибович Тағоймуродов, - ва дар ниҳояти кор, ин амал ноил гаштан ба пешсафии технологӣ ва ҳамчунин аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» ба даст овардани бартарият дар бозор мебошад. Мо умед ба он мебандем, ки технология ва таҷрибаи шарикони стратегиамон Visa ва Компас Плюсро барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо қабул намуда, ҳамкориҳоро бо онҳо идома медиҳем».
«Мо бо хушнуди қайд менамоем, ки бозори корти пластикии Visa дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан рушд меёбад. Мувофиқи маълумотҳои Visa, ба ҳолати санаи 30 июни соли 2011, теъдоди кортҳои Visa дар як сол 71% афзудааст. Афзоиши гардишҳои умумӣ бо кортҳои Visa дар ҳамин давра 36% - ро ташкил додааст, - мегӯяд Александр Калита, менеҷери минтақавӣ оид ба рушди бизнеси Visa дар кишварҳои ИДМ. – ҶСК «Агроинвестбонк» ба зумраи шарикони стратегии мо дохил мешавад ва мо бе шакку шубҳа ташаббусҳои Бонкро, ки барои рушди минбаъдаи бозор равона шудаанд, ҷонибдорӣ мекунем ва инчунин удедворем, ки фаъол шудани аввалин протсессинг дар Тоҷикистон, ба дигар бонкҳои мамлакат барои дар заминаи корти Visa инкишоф додани барномаҳои чакана, ҳавасмандии наверо пеш меорад».
Маркази Протсессингии ҶСК «Агроинвестбонк», протсессинги хусусии бонк (in-house) мебошад, ки дар асоси маҷмааи барномавии TranzWare сохта шудааст. Маҷмааи барномаивии TranzWare аз ҷониби ширкати россиягии Compass Plus, ки аз ҷониби 70 бонкҳои 18 кишвари ҷаҳон бо муваффақият истифода мешавад, таҳия шудааст.
Ширкати «Компас плюс» аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» ба сифати таҳвилдиҳандаи маҳсулотҳои барномавӣ, бо дарназардошти низоми ҷабҳавии TranzWare Online, бэк – офиси кортии TranzWare CMS, низоми хусусикунонии кортҳои TranzWare Card Factory интихоб шуда буд. Мутахассисони ширкат дар лоиҳаи фаъол намудани маркази протсессингӣ иштирок намуда, бо муваффақият гузаштани сертификатсиякунониро дар низоми пардохтӣ, харакати маълумотҳоро аз протсессинги беруна, ҳамгароиро бо низомҳои бонкӣ ва ғайраҳоро таъмин карданд. Ҳамзамон бо фаъол намудани маркази протсессингӣ, бонк аз сертификатсиякунонӣ барои барориш ва хизматрасонӣ ба кортҳои чипдори Visa гузашт, ки ин имконият медиҳад вазифаҳо васеътар гарданд ва ба таври назаррас сатҳи бехатарии истифодабарӣ ва хизматрасонӣ ба корти Visa баланд бардошта шавад.
Visa Inc.: Visa низоми пардохтии ҷаҳонӣ мебошад, ки дастрасии дорандагони кортро ба муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ба ташкилотҳои молиявӣ ва ҳукуматии бештар аз 200 давлати дунё, ба шабакаи пардохтии электронии фаврӣ, бехавф ва боэътимод таъмин менамояд. Пардохтҳои электронӣ тавассути низоми протсессингии инноватсионии ҷаҳонии VisaNet сурат мегирад, ки метавонад дар як сония бештар аз 20 000 транзаксияро коркард намуда, ҳимояро аз қалобӣ барои истифодабарандагон ва кафолати сурат гирифтани пардохтҳоро барои муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин менамояд. Visa бонк нест, кортҳои пардохтӣ намебарорад, барои истифодабарандагон комиссия ё худ меъёри фоизӣ муайян намекунад, инчунин ба дорандагони корт қарз намедиҳад. Дар навбати худ, қарорҳои инноватсионии Visa ба ташкилотҳои молиявӣ имконият медиҳанд, ки ба мизоҷони хеш интихоби доираи васеи воситаҳои молиявӣ, бо дарназардошти кортҳои маҳсулотии дебиторӣ, пешпардохтӣ ва қарзиро пешниҳод намоянд.
Шумо метавонед маълумоти бештарро аз суроғаи зерин пайдо кунед: www.corporate.visa.com.
Доир ба ҶСК «Агроинвестбонк»:
ҶСК «Агроинвестбонк» - иштирокчии принсипиалии низомҳои пардохтии VISA ва MasterCard буда, лоиҳаҳои ҳаҷман бузурги кортиро татбиқ менамояд, ки ба ҷумлаи онҳо лоиҳаҳои музди меҳнат ва хусусияти иҷтимоӣ дошта дохил мешаванд. ҶСК «Агроинвестбонк» ҳамчун бонки универсалӣ фаъолият намуда, доираи васеи хизматрасониҳои бонкиро дар асоси иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Агроинвестбонк соҳиби шабакаи васеи хизматрасон мебошад – дар баробари Саридораи Бонк дар шаҳри Душанбе, чор филиали асосӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва 58 филиал дар сартосари ҷумҳурӣ фаъол мебошанд.
Ҳамаи дастгоҳҳои терминалии Бонк, ки имрӯз аз 74 адад банкомат, 89 адад терминал барои гирифтани пули нақд ва 53 адад терминал барои пардохтани пули мол ва хизматрасонӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ иборат мебошанд, ҳамаи кортҳоро барои пардохткунӣ аз хати маҳсулотии Visa Int қабул менамоянд.
Шумо метавонед маълумоти бештарро аз суроғаи зерин пайдо кунед: www.agroinvestbank.tj