Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

26.01.2012

Лоиҳаи қарздиҳии тиҷорати хурду миёна (ТХМ) дар Агроинвестбонк бо дастгирии БАТР бомуваффақият ба анҷом расид.

Дар моҳи декабри соли 2011 дар Агроинвестбонк лоиҳаи қарздиҳии тиҷорати хурду миёна (ТХМ) бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва дастгирии техникии ширкати консалтингии Швейтсария Business & Finance Consulting (BFC) бомуваффақият ба анҷом расид. «Мо аз БАТР барои муҳайё намудани имконияти пурраи рушди қарздиҳии ТХМ дар шабакаи васеи филиалҳои бонки мо изҳори миннатдорӣ менамоем. Имрӯз ин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агроинвестбонк ба ҳисоб меравад», - гуфт дар ҷавоб ҳамоҳангсози лоиҳа аз ҷониби бонк - ҷонишини Роҳбари Дирексияи бонкдории корпоративӣ Хуршед Одинаев.

Дар вақти татбиқи лоиҳа, мутахассисони бонк аз мушовирони BFC усулҳои нави ташкили раванди самарабахши қарздиҳиро қабул намуданд, тартиботи нав кор карда шуд, барои мутахассисони қарзӣ, менеҷерони минтақавӣ ва тренерони дохилии бонк дар мавзӯъҳои гуногун як қатор семинару тренингҳо гузаронида шуд, ки онҳо барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии мизоҷони ТХМ ва паст намудани хавфҳои бонк ҳангоми кор бо мизоҷони бахшҳои мухталиф равона шудаанд. Дар лаҳзаи хотимаи лоиҳа бонк барои кори мустақилона бо мизоҷони ТХМ ва идома додани истифодабарии таҷрибаи дар вақти татбиқи лоиҳа ба даст оварда, дар оянда низ пурра омода аст.

«Мо ба ду соли қаблӣ назар дӯхта дилпурона гуфта метавонем, ки дигаргуниҳои дар давраи фаъолияти лоиҳа, дар Агроинвестбонк ба амаломада пешравиро нишон медиҳанд. Ширкати BFC дастгирии хуби лоиҳаро аз ҷониби Агроинвестбонк қайд мекунад ва миннатдории худро ба роҳбарияти он ва ҳамоҳангсозони лоиҳа барои ҳамкории судманд изҳор менамояд», - қайд намуд Майк Ивановский, машваратчии бонкӣ ва роҳбари лоиҳа аз ҷониби ширкати BFC.

 БАТР аз рӯи бисёр лоиҳаҳои муштарак, ки барои рушди самараноки бонк заминаи мусоид фароҳам меорад ва нуфузи онро дар низоми бонкии Тоҷикистон баланд мебардорад, яке аз шарикони асосии Агроинвестбонк ба ҳисоб меравад.

Маълумотнома:  БАТР фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 1996 шурӯъ карда, ба иқтисодиёти кишвар бештар аз 120 миллион евро сармоягузорӣ намудааст. Маҷмӯи умумии сармоягузории бахши молиявӣ 50 миллион евроро ташкил дод.

Дар соли 2008 Шӯрои директорони БАТР барномаи нави дастгирии рушди бахши молиявии Тоҷикистонро, ки яке аз вазифаҳои он рушди қарзгузории тиҷорати хурду миёна мебошад, қабул намуд. Барнома ба бахши молиявии кишвар пешниҳодсозии 50 миллион доллари ИМА-ро пешбинӣ менамояд. Дар доираи барномаи мазкур ба бонкҳои шарик барои рушд ва ҳавасмандии қарзгузории тиҷорати хурду миёна кӯмаки техникӣ пешниҳод мегардад. ВFC дар самти рушди молиявӣ барои расонидани хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳаи қарздиҳии ТХМ дар мамлакатҳои иқтисодиёташон дар ҳолати гузариш қарордоштаи Аврупои Шарқӣ ва Осиё яке аз ширкат- машваратчии пешбар ба шумор меравад. BFC соли 2003 таъсис дода шуд. Саридораи он дар Сюрихи Швейтсария воқеъ мебошад. Дар бастҳои кории BFC зиёда аз 50 корманд, дар филиалҳои он дар Молдова, Грузия, Россия ва Тоҷикистон фаъолият менамоянд.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.