Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

26.01.2012

Сӯҳбат – машварати судманд бо мутахассисони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶСК Агроинвестбонк

24-01-2012, дар бинои Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» доир ба масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сӯҳбат-машварат доир гардид.

Дар вохӯрӣ мутахассисони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ Мартаба Мӯъминова, Фаррухулло Олимов ва Аскар Акрамов иштирок карданд. Дар ҷараёни чорабинии мазкур, вобаста ба масоили гуногуни татбиқи ин Қонун дар идораву корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва риояи он дар зиндагии ҳамарӯзаи мардум, ба кормандони Саридора ва филиалҳои Бонк маълумоти муфассал дода шуд.

Дар рафти ин вохӯрӣ миёни мутахассисон ва кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» сӯҳбати самимонае доир гашт, ки дар рафти он иштирокчиён ба бештари суолҳои худ посухи муносиб пайдо намуданд. Аз ҷумла қайд гашт, ки мақсад аз қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аллакай соли панҷум фаъол мебошад, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар кишвар аст ва барои пиёда намудани ин ҳадаф, пешгирӣ кардани исрофкорию хароҷоти зиёд дар маъракаороиҳо ба шумор меравад, ки то ба имрӯз хеле кам шудааст.

Ногуфта намонад, ки қабл аз доир шудани сӯҳбат-машварати мазкур, мутахассисони Раёсати номбурда бо ҳолати фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҶСК «Агроивестбонк» аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Боиси тазаккур аст, ки сӯҳбат-машварати доир гашта, барои пиёда сохтани нақшаи амали Комиссияҳои ҷамъиятии дар бонк фаъолияткунанда ва барои худи кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» дастур ва таасуроти манфиатбахше боқӣ гузошт.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.