Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

02.02.2012

Ҷаласаи васеи ҶСК «Агроинвестбонк» ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонкро барои соли 2011 мусбӣ арзёбӣ намуд

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Раёсати Бонк Тағоймуродов Фаррух Ғолибович оғоз намуда, оид ба корҳои дар соли 2011 анҷом додаи Бонк сухан ронд. Аз ҷумла номбурда иброз дошт, ки соли сипаригаштаи 2011 аз ибтидо барои пеш бурдани фаъолияти устувори молиявии Бонк ҳар гуна мушкилиҳоро эҷод менамуд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ба ҳолати аввали моҳи декабри соли 2011 афзоиши сандуқи қарзии умумии Бонк нисбат ба ибтидои соли сипаригашта, ба андозаи 150 млн. сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар ин давра барои ташаккул додани сандуқҳои қарзӣ ва инвеститсионӣ ба Бонк зарурат пеш омад, ки аз ҳисоби пасандозгузорон, инчунин кредиторони ватанию хориҷӣ захираҳои пулии хешро афзун намояд. Хушбахтона, барои амалӣ шудани ин мақсад ба Бонк шӯҳрати устувор доштан ва масъулиятшинос будан мусоидат намуда, аз ибтидои соли ҳисоботӣ ҳаҷми депозитҳои ҷалбшуда 380 млн. сомонӣ ё худ бештар аз 38% афзоиш ёфта, ҳаҷми умумиашон бештар аз 1,3 млрд. сомониро ташкил дод. Имкониятҳои афзудаи молиявӣ ба Бонк шароит фароҳам овард, ки ҳолати пардохтпазириро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта, саривақт гузаштани пардохтҳои байнибонкӣ, фаъолияти мунтазами банкоматҳо, бо пули нақд тақвият додани воҳидҳои амалиётии Бонк аз рӯи дархостҳои воридшуда таъмин гарданд. Ногуфта намонад, ки агар дар самтҳои мазкури фаъолият дар баъзе мавридҳо душвориҳо ба миён омада бошанд ҳам, вале онҳо табиати кӯтоҳмуддат доштанд ва одатан дар давоми як-ду рӯз ба танзим даромада ҳалли мусбии хешро меёфтанд.

Дар поёни суханронии худ Тағоймуродов Ф.Ғ. илова намуд, - «новобаста ба душвориҳое, ки мо дар тӯли сол эҳсос кардем, имрӯз ман мехостам миннатдории хешро ба ҳамаи онҳое, ки саҳми арзандаи худро барои натиҷаи ниҳоии мусбати фаъолияти Бонк дар соли 2011 гузоштаанд, иброз дорам. Чунин коллективҳо кам нестанд – дар тамоми низоми ҶСК «Агроинвестбонк» теъдоди онҳо бо назардошти сохторҳои амалиётии бетавозуни алоҳидаи Бонк, 63-то мебошад».

Пас аз ба охир расидани суханронии Раиси Раёсати Бонк, андешарониҳои роҳбарони дигар воҳидҳои сохторӣ ва филиалҳои ба ҷаласа даъватшуда шунида шуданд. Аз ҷониби роҳбарияти Бонк барои ислоҳ намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои лозимӣ дода шуда, баҳри амалӣ намудани нақшаҳо дар соли 2012 комёбиҳо таманно гардид.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.