03.02.2012
Вохӯрии Раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» бо Раиси Раёсати ҶСК «Россельхозбанк» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия.
26.01.2012c. дар бинои ҶСК «Россельхозбанк»-и Федератсияи Россия вохӯрии Раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Фаррух Тағоймуродов ва Раиси Раёсати ҶСК «Россельхозбанк» Дмитрий Патрушев доир гашт. Лоиқ ба ёдоварист, ки дар ҳайати корие, ки аз кишвари мо ба Федератсияи Россия сафар намуданд, Раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк»-ро инчунин сардори Мудирияти муносибатҳои байналхалқии молиявӣ Бобоев Муҳаммадӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар самти маблағгузории тиҷоратӣ, масоили рушди амалиётҳои байнибонкӣ, аз он ҷумла хизматрасонии бонкӣ барои таъмини гардишҳои савдои беруна мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба Фаррух Тағоймуродов ва Дмитрий Патрушев Созишномаи генералӣ ба имзо расониданд, ки он шароитҳои умумии аз ҷониби бонк маблағгузорӣ намудани амалиётҳои содиротиву воридотии мизоҷони ҶСК «Агроинвестбонк», аз қабили харидории техникаи соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти дигари истеҳсоли русиро амалӣ менамояд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки вохӯрии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ доир гашт.