02.03.2012
Форуми маҳсулотии Visa дар ҶСК «Агроинвестбонк»
21 феврали соли 2012 бо ибтикори Намояндагии дар шаҳри Москва ҷойгирбудаи Низоми байналмилалии пардохтии Visa International, дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» Форуми маҳсулотии Visa доир шуд. Дар кори Форуми мазкур, дар баробари масъулини Намояндагии дар шаҳри Москва мустақарбудаи Низоми байналмилалии пардохтии Visa International ва ҶСК «Агроинвестбонк», инчунин намояндагони ҳамаи он бонкҳои мамлакат, ки дар ҷумҳурӣ бо нашр ва хизматрасонии (эквайринги) кортҳои пардохтии бонкӣ машғул мебошанд, аз ҷумла ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Тоҷпромбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», БДА ҶТ «Амонатбонк» ва «Казкоммертсбонк Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Ҷонишини Раиси Бонк Фаттидинова З.Б. бо суханони ифтитоҳӣ кори Форумро оғоз намуда, доир ба саҳми Низоми байналмилалии пардохтии Visa International дар самти рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд.
Дар навбати худ намояндагони Visa International – менеҷери минтақавӣ оид ба кишварҳои ИДМ Александр Калита ва менеджер оид ба рушди бизнес дар мамолики ИДМ Катерина Турлюн, ба баррасии коршиносони низоми бонкии кишвар масъалаҳои бо мавзӯҳои дар Форуми мазкур муҳокимашаванда алоқамандро пешниҳод карданд, ки аз ҷумла инҳоянд:
1. Масъалаҳои муҳиме, ки Visa дар соли 2012 дар Тоҷикистон ба ҳал намудани онҳо бартарӣ медиҳад: фаъолшавии дебиторӣ, рушди бахши мукофотӣ, кортҳо барои ашхоси ҳуқуқӣ, рушди корти қарзӣ:
2. Кортҳои дебитории Visa. Лоиҳаҳои музди меҳнат. Фаъол намудан ва омӯзонидани дорандагони корт;
3. Интиқоли маблағ тавассути Visa;
4. Ба кор даровардани низоми дохиликишварии пардохтҳо тавассути корти Visa бо асъори миллӣ – сомонӣ дар Тоҷикистон (Tajikistan National Net Settlement Service – NNSS).
Вобаста ба масъалаи интиқоли маблағҳо тавассути Низоми байналмилалии интиқоли маблағҳои Visa, масъалаи имконпазирии интиқоли маблағҳо ба корти пластикӣ тавассути терминалҳои пули нақд қабулкунанда ширкати Qiwi дар ҳудуди Федератсияи Россия мавриди баҳс қарор гирифт. Иштирокчиёни Форум пешниҳод намуданд, ки бинобар сабаби маблағи баланди комиссионӣ доштани интиқоли маблағҳои мазкур, масъалаҳои ба паст намудани меъёри фоизӣ вобастабуда, мавриди муҳокима қарор гиранд, зеро маблағҳои комиссионии ба андозаи 2% + 40 рубл пешниҳодшуда, наметавонанд бо низомҳои мавҷудаи интиқоли маблағҳо рақобат намоянд.
Намояндагони Низоми байналмилалии пардохтии Visa International доир ба масъалаи фаъол намудани низоми ҳисоббаробаркунии дохиликишварӣ тавассути корти Visa бо асъори миллӣ – сомонӣ дар Тоҷикистон (Tajikistan National Net Settlement Service – NNSS) сухан ронда, ба таври муфассал оид ба хусусиятҳои лоиҳаи мазкур, ки татбиқи пардохтҳоро аз рӯи тамоми транзаксияҳои дохилиҷумҳуриявӣ бо асъори миллӣ ба воситаи бонки ҳисоббаробаркунӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, нақл намуданд. Ба андешаи онҳо, мақсади асосии ҷорӣ намудани низоми мазкур, тавсеаи рушди пардохтҳои ғайринақдӣ мебошад.