02.04.2012
Иқдоми муштараки ҶСК «Агроинвестбонк» ва Низоми байналмилалии пардохтии «MasterCard» натиҷагирӣ шуд
27 марти соли ҷорӣ дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» натиҷагирии иқдоми муштараки ҶСК «Агроинвестбонк» ва Низоми байналмилалии пардохтии «MasterCard», ки 10 декабри соли 2011 эълон шуда буд, сурат гирифт. Мувофиқи шартҳо, ин иқдом то санаи 10 марти соли 2012 идома дошт. Дар маъракаи тақдим намудани тӯҳфаҳо ба ғолибони иқдом ҷонишини Раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Фаттидинова З.Б. ва баъзе аз роҳбарони мудириятҳои Саридораи Бонк иштирок карданд. Ҳангоми сухани ифтитоҳӣ Фаттидинова З.Б. иштирокчиён ва ғолибони ин иқдоми муштаракро барои иштроки фаъол миннатдорӣ намуда, хотирнишон кард, ки ҳамаи дорандагони кортҳои пластикии MasterCard ва Maestro, ки аз ҶСК «Агроинвестбонк» гирифта шудаанду пардохти ғайринақдиро дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ анҷом додаанд, иштирокчии иқдом буданд. Қайд гашт, ки ғолибони иқдоми мазкур, аз рӯи низоми пардохтҳои тавассути ҶСК «Агроинвестбонк» суратгирифта аз рӯи ду нишондод муайян карда шуданд:
1) аз рӯи ҳаҷми маблағи амалиётҳои ғайринақдии ҳадди аксари дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ суратгирифта. Аз рӯи нишондиҳандаи мазкур даҳ тӯҳфа ва як шоҳтӯҳфа муқаррар шуда буд.
2) аз рӯи шумораи амалиётҳои ғайринақдии ҳадди аксари дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ суратгирифта. Аз рӯи ин нишондиҳанда низ даҳ тӯҳфа ва як шоҳтӯҳфа пешбинӣ шуда буд.
Боиси тазаккур аст, ки бо розигии ҷонибҳои иқдоми мазкурро доир намуда, бинобар сабаби аз ҷониби дорандагони корти пластикии Низоми байналмилалии пардохтии «MasterCard» аз ҶСК «Агроинвестбонк», ки омодаанд пардохтҳои ғайринақдиро дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ анҷом диҳанд, дастгирии ҳамаҷониба ёфтани ин иқдом, миқдори тӯҳфаҳо ба маротиб бештар карда шуд.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои иқдом, ғолибони гурӯҳи якум дар баробари шоҳтӯҳфа телевизори плазмавии 3D LG 421.W4500 + кинотеатрии хонагии LG HT805TQ, инчунин сазовори дигар тӯҳфаҳо аз қабили ноутбуки Samsung, телефонии мобилии Apple iPhone, мошинаи зарфшӯии Bosh, плитаи газии шишаву сафолини Gorenje EC, мошинаи либосшӯии LG, дастгоҳи суратгирии LUMIX Panasonic DMC – S3EE – K, дастгоҳи обгармкунии Ariston, бухории барқии кӯтоҳмавҷ (микроволновая печь), чангкашак, чойники барқӣ ва бисёр дигар тӯҳфаҳо дониста шуданд.
Ғолиби гурӯҳи дуюм бо шоҳҷоиза - роҳхат барои ду нафар ба муддати ҳафт рӯз ба осоишгоҳи «Баҳористон», ки шароит ва хизматрасонии дараҷаи олиро соҳиб мебошад, сарфароз гардонида шуд. Ба дигар ғолибони ин гурӯҳ яхдони LG, ЖК телевизор + флеш корт, дастгоҳи наворбардории Panasonic, кондитсионери Samsung, кинотеатри хонагии LG, бухории нонпазии Panasonic (хлебопечка), радиотелефони DECT Panasonic, чангкашак, дастгоҳи суратгирӣ, флеш корт ва боз даҳҳо тӯҳфаҳои дигар супорида шуданд.
Ҷонишини Раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Фаттидинова З.Б. ба маърака ҳусни хотима бахшида, бори дигар ҳамаи ғолибони иқдоми муштаракро табрик гуфт ва афзуд, ки минбаъд низ Бонк ният дорад чунин иқдомҳоро ташкил намояд ва дар сатҳи баланд гузаронад. Зеро ин гуна иқдомҳо метавонанд барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва инчунин дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ мусоидат намоянд.