Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

03.04.2012

Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ҶСК «Агроинвестбонк»

16 март дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» Иди байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати ба худ хосе таҷлил гардид. Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз -2012 аз идҳои қаблан доиршуда бо он фарқ дошт, ки бо кӯшиши ҳамаи кормандони бонк озмуни «Хони наврӯзӣ» доир гашта он дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Барои баҳо додан ба хони наврӯзии аз ҷониби кормандони воҳидҳои сохтории Саридораи бонк оросташуда, ҳайати ҳакамон, аз ҷумла ҷонишини Раиси Раёсат Фаттидинова З.Б., Роҳбари Мудирияти кор бо кормандон Шарипов М.М., меҳмонон шоира Меҳриниссо, шоир ва муҳаққиқ Мӯҳтарам Ҳотам таъсис додашуда, дастурхонҳои наврӯзии бо риояи тамоми расму таомули мардумӣ густурдашударо аз назар гузарониданд ва ба ҳар кадоме баҳои сазовор дода бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд. Сипас қисмати тантанавии базми наврӯзӣ шурӯъ шуд. Сараввал Раиси Раёсати Бонк Тағоймуродов Ф.Ғ. меҳмонони даъватшуда ва кормандони бонкро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, иброз дошт, ки соли дуюм аст Наврӯз сатҳи байналмилалиро касб кардааст ва ин Ид алҳол дар тамоми кишварҳое, ки Наврӯзро оини аҷдодии хеш меҳисобанд, таҷлил мегардад. Дар навбати хеш шоира Меҳриниссо ба суханрониҳои табрикӣ ҳамроҳ шуда, аҳли ҷамъомадро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфт ва чанде аз намунаҳои шеърҳояшро қироат намуд. Шоир ва муҳақиқ Мӯҳтарам Ҳотам доир ба маъно ва таърихи пайдоиши вожаи Наврӯз ба ҳозирон маълумот дод. Сипас ин шоири шинохта чанде аз рӯбоиҳои тозаэҷоди хешро дар васфи Наврӯз қироат намуд. Овозхони писандида, Ҳунарманди Мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётой Мӯъминова бо иштироки хеш, ба тантанаи наврӯзӣ ҳусну шукӯҳи хосае зам намуд. Бояд қайд кард, ки дар ҷашни мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма - аз телевизиони «Ҷаҳоннамо», рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Чархи гардун» низ ширкат доштанд.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.