18.04.2012
Натиҷаҳои озмун барои ноил гардидан ба унвони «Филиали беҳтарин ва Мутахассиси беҳтарини ҶСК «Агроинвестбонк»» ҷамъбаст гардиданд
14 апрел дар Саридораи Бонк ҷаласаи тантанавӣ аз рӯи натиҷаҳои озмун доир ба муайян намудани филиали беҳтарин ва мутахассиси беҳтарини ҶСК «Агроинвестбонк» баргузор гардид. Озмуни мазкур дар доираи талаботҳои Низомнома «Оид ба филиали беҳтарини ҶСК «Агроинвестбонк»», ки аз ҷониби Раёсати Бонк 22 сентябри соли 2011 тасдиқ шуда буд, доир шуд. Мақсади асосии гузаронидани ин озмун, пеш аз ҳама баланд бардоштани самаранокии кори шабакаи филиалҳо, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои сифатии фаъолияти молиявӣ–иқтисодӣ, қарзӣ–инвеститсионӣ, мустаҳкам намудани интизоми ташкилӣ–иҷроишӣ ва баланд бардоштани ташаббуси кормандони Бонк мебошад.
Ҷаласаи тантанавиро аз рӯи натиҷаҳои озмун оид ба муайян намудани филиали беҳтарин ва мутахассиси беҳтарин, бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Раёсати Бонк Тағоймуродов Ф.Ғ. кушод. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳамаи дастовардҳои молиявии дар соли 2011 ба даст омада, натиҷаи заҳмати фидокорона ва самараноки ҳамаи кормандони Бонк буд ва беҳтаринҳо аз рӯи ин натиҷаҳо муайян шуданд. Сипас Раиси Раёсати Бонк хотиррасон намуд, филиале, ки сазовори ҷои якум шинохта шудааст, бо ҷоми сайёр, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадр гардида, филиалҳои ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуда бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Мутахассисоне, ки ғолиби озмун шинохта шуданд, инчунин бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки аз рӯи натиҷаҳои озмуни доиршуда, ҷойи якум дар байни филиалҳои низоми ҶСК «Агроинвестбок» насиби филиали Бонк дар шаҳри Конибодом, ҷойҳои дуюм ва сеюм насиби филиалҳои дар ноҳияҳои Фархор ва Ҳисор ҷойгирбуда гардиданд. Ғолибони озмуни мутахассиси беҳтарини ҶСК «Агроинвесбонк» Абдулазизов Абдулло Абдуқаҳҳорович – роҳбари Бахши бонкдории корпоративии филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Конибодом, Нурмамадова Моҳхоним Шакарбековна – иқтисодчии пешбари Бахши бонкдории чаканаи филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар деҳаи Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз, Паҳлавонов Рустам Файзиддинович – мутахассис оид ба кор бо депозитҳои Бахши бонкдории чаканаи филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ, Мансуров Фарҳод Мирзоҳакимович – сармуҳосиби филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Истаравшан шинохта шуданд. Ба ғолибон ифтихорнома ва корти пластикӣ, ки дар ҳисобаш мукофоти пулӣ дорад, тақдим гардид. Раиси Раёсати Бонк Тағоймуродов Ф.Ғ. ғолибонро табрик гуфта, ба ҳамаи филиалҳо таманно намуд, ки баҳри рушду нумӯи минбаъдаи ҶСК «Агроинвестбонк» камари ҳиммат банданд.