Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

27.04.2012

Дар ҶСК «Агроинвестбонк» Маркази таълимӣ кушода шуд

25 апрели соли 2012 маросими расмии кушодашавии Маркази таълимии ҶСК «Агроинвестбонк, ки дар ш. Душанбе, кӯчаи Ҷ. Расулов, 10 воқеъ гаштааст, баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии маркази мазкур Раиси Шӯрои Нозирони Бонк Назаров Т.Н., Раис ва аъзоёни Раёсати Бонк, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва амалиётии Бонк, Муовини якуми Раиси Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Юсуфиён Ҷ., меҳмонони даъватшуда аз ташкилотҳои молиявӣ ва қарзии ватаниву хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва намояндагиҳои онҳо, мактабҳои олии кишвар, инчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Дар маросими кушодашвии Маркази таълимӣ Раиси Раёсати Бонк Тағоймуродов Ф. Ғ., Муовини якуми Раиси Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Юсуфиён Ҷ., Раиси Шӯрои Ассотсиатсияи ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон (АМФОТ) Хошакова Ш. ва Роҳбари лоиҳаи Ҷамъияти олмонӣ оид ба мусоидати техникӣ (GTZ) Сафарова Ф. баромад намуданд. Меҳмонони баромадкарда ба роҳбарияти Бонк барои иқдоми нек дар тайёр намудани мутахассисон барои бахши бонкии кишвар изҳори ташаккур гуфта, ба Маркази таълимӣ дар татбиқи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда комёбиҳо орзу намуданд.

 Бояд қайд намуд, ки таъсиси Маркази таълимии Бонк дар доираи барномаҳои афзалиятноки дар Бонк татбиқшаванда амалӣ гардид.

Маркази таълимӣ барои омӯзондан ва бозомӯзондани мутахассисони «фронт» ва «бэк» офисҳои Бонк, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши назариявии онҳо ва таҷрибаи амалии истифодабарии технологияҳои муосири бонкии ба меъёрҳои байналхалқӣ асосёфта пешбинӣ шудааст. Шаклҳои асосии таълим, ки дар марказ истифода мешавад ин маърӯзаву баромадҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конфронс ва дигар шаклҳои усули таълими замонавӣ мебошад, ки барои гузаронидани онҳо мутахассисони варзидаи Бонк, омӯзгорону мураббиёни ватанӣ ва хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Маркази таълимӣ аз ҳуҷраи таълимӣ, толори тренинг, ҳуҷраи лингофонӣ-компютерӣ, толори конфронс барои 70 нафар, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Тамоми ҳуҷраҳои Маркази таълимӣ бо техникаи компютерӣ ва ташкилии замонавӣ пурра таҷҳизонида шудаанд.

Тамоми ташкилотҳои молиявиву қарзии кишвар метавонанд барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати кормандони худ аз имкониятҳои Маркази таълимии ҶСК «Агроинвестбонк» ҳаматарафа истифода баранд ва инчунин бо мувофиқаи пешакӣ бо Бонк барои гузаронидани чорабиниҳои ҷории хеш ҳуҷраву толорҳои Марказро ба таври иҷора мавриди истифода қарор диҳанд.

Умуман, ташкилкунандагони Маркази таълимӣ мутмаинанд, ки кушодани марказ ва фаъолияти мӯътадили он ба баландшавии сифати хизматрасонии бонкии ба мизоҷон пешниҳодшаванда, ба рушди технологияҳои муосири бонкӣ ва афзоиши сатҳи боварӣ ба низоми бонкӣ мусоидат хоҳад кард.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.