Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

11.05.2012

ҶСК «Агроинвестбонк» Иқдоми нави «Ташаккур»-ро пешкаши мизоҷон мегардонад.

   Бо мақсади зиёд намудани гардиши ғайринақдии пул тавассути кортҳои пластикии пардохтии аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» нашршуда, Бонк боз як иқдоми навро таҳти унвони «Ташаккур» пешниҳоди мизоҷони сершумор намуд. Иқдоми мазкур ҳамаи филиалҳои Бонкро фаро гирифта, аз 10 май то 10 сентябри соли 2012 гузаронида мешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синну солашон ба ҳаждаҳ расидаасту дорандагони кортҳои пардохтии дар ҶСК «Агроинвестбонк» нашршудаи КАД, Maestro, MasterCard, Visa, Visa Electron мебошанд, метавонанд дар Иқдоми мазкур иштирок намоянд. Ногуфта намонад, ки иқдоми «Ташаккур» дар байни се гурӯҳи алоҳидаи дорандагони кортҳои пардохтӣ - якум кортҳои дохилии КАД, дуюм кортҳои дараҷаи байналмилалӣдошта ва сеюм дар байни кормандони Бонк ва шахсони ба онҳо наздик гузаронида мешавад.  
   Барои ғолибони ҳар як гурӯҳи иштирокчӣ мукофотҳои ҳавасмандкунандаи якхела муайян шудаанд. Ғолибони асосиро роҳхати сайёҳӣ барои ду нафар ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар ғолибонро таҷҳизотҳои барқӣ-маишӣ ҳамчун мукофотҳои иловагӣ интизор аст.
   Боиси тазаккур аст, ки ҳангоми ҷамъбаст намудани натиҷаҳои иқдоми «Ташаккур» дар байни дорандагони кортҳои пардохтии КАД (ба ғайр аз кормандони Бонк ва шахсони наздики онҳо), дорандагони кортҳои пардохтии дараҷаи байналмилалии Maestro, MasterCard Standart, MasterCard Gold, Visa Electron, Visa Classic ва Visa Gold ва инчунин миёни кормандони Бонк ва шахсони наздики онҳо, ки дорандагони ҳарду намуди кортҳои пардохтии дар боло зикршуда мебошанд, он амалиётҳои кортие ба инобат гирифта мешаванд, ки дар гурӯҳи якум на камтар аз 20 сомонӣ ва дар гурӯҳҳои дуюм ва сеюм на камтар аз 50 сомониро ташкил диҳанд.  
   Хотиррасон менамоем, ки бозии бурдҳо дар санаи 20 сентябри соли 2012 доир мегардад. 

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.