11.05.2012
Хизматрасонии фосилавии бонкии «Интернет-Банкинг» барои дорандагони кортҳои пластикии ҶСК «Агроинвестбонк»
Дар ҷаҳони муосири суръатнок технологияҳое, ки барои сарфаи вақт имконият медиҳанд, бағоят қадр карда мешаванд. Суръати ҳаёт ҳама вақт тез мешавад ва инсон мехоҳад вақтро сарфа намояд, то ки барои иҷрои ягон навъ амалиёти муқаррарии бонкӣ ба бонк наравад ва ё занг назанад. Ин далелҳоро ба инобат гирифта, ҶСК «Агроинвестбонк» барои мизоҷони худ намуди нави хизматрасонӣ – хизматрасонии фосилавии бонкиро барои дорандагони кортҳои пластикии бонк тавассути низоми «Интернет-банкинг» пешниҳод менамояд.
Тавассути «Интернет-банкинг» метавон суратҳисобҳо ва кортҳоро идора кард, байни суратҳособҳо ва кортҳои худ, инчунин байни суратҳисобҳо ва кортҳои дигар дорандагони кортҳои бонк маблағ интиқол дод, кортҳои виртуалӣ сохт ва ғайра – ва ҳамаи ин дар низоми вақти воқеӣ. Дар ояндаи наздик имконият пайдо мешавад, ки ба фоидаи таъминкунандагони хизматрасониҳо, аз қабили ширкатҳои мобилӣ, интернет-провайдерҳо, хадамоти манзилию коммуналӣ, низомҳои пулҳои электронӣ ва ғайраҳо пардохтҳо анҷом дод.
Қулай будани хизматрасониро барои мизоҷоне, ки кортҳои музди меҳнат, маблағгузорӣ бо пардохти ҳармоҳаи фоизҳо ба суратҳисоб доранд, махсус бояд қайд кард, - ба онҳо лозим нест, ки барои ин суратҳисоби худро махсус пур кунанд. Инчунин мумкин аст, ки барои харид дар Интернет-мағозаҳо соҳиби корти виртуалӣ шаванд ва дар айни замон тамоми маблағро дар суратҳисоби асосӣ нигоҳ дошта, кортро тавассути «Интернет-банкинг» бевосита пеш аз хариди мушаххас пур кунанд. Агар пардохт нагузарад ва маблағ боқӣ монад, метавонанд онро бозпас ба суратҳисоби худ гузаронанд. Илова бар ин, мизоҷ метавонад мустақилона тавассути ин низом корти худро муҳосира ва ё фаъол кунад.
Аммо оиди бехатарии кор дар «Интернет-банкинг» бояд қайд кард, ки тибқи таҷрибаи бонкҳои хориҷӣ, мутаассифона, мушкилии асосӣ, ки бо бехатарӣ алоқаманд аст, ин аз ҷониби мизоҷон истифода набурдани барномаҳои зиддивирусӣ, нодуруст баромадан аз барномаҳо ва монанди инҳо мебошад. Маҳз вобаста ба ин ҶСК «Агроинвестбонк» барои мизоҷони хеш оиди бехатарии кор дар «Интернет-банкинг» дастури мухтасар таҳия намуда, дар сомонаи худ ҷойгир кард.
«Интернет-банкинг» тамоюлоти бозорӣ ва хоҳишҳои мизоҷонро ҷиддӣ пайгирӣ намуда, беҳаракат боқӣ намемонад, балки ҳамеша рушд мекунад. ҶСК «Агроинвестбонк» инчунин барои мизоҷони корпоративии бонк низ низоми «Интернет-банкинг» дорад.
Имрӯз ташкилотҳои зиёд барои лоиҳаҳои музди меҳнат ҷалб карда мешаванд ва одамони зиёд аз кортҳои пластикӣ истифода мебаранд. Интизор меравад, ки шумораи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ дар оянда низ афзоиш меёбад. Аз ин рӯ, хизматрасонии «Интернет-банкинг» аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбанк» ҳамчун хизматрасонии ҷудонашавандаи ба хизматрасониҳои бонкии анъанавӣ замимашаванда баррасӣ мешавад.