Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

24.05.2012

Саҳмдори мӯҳтарам!

     Мувофиқи талаботи Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», бо ташаббуси Шӯрои Нозирони Бонк Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» даъват карда мешавад. Маҷлис дар шакли ҷамъомади муштараки саҳомон (ҷаласа) барпо мегардад.
      Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» 23 июни соли 2012 баргузор мегардад. 
     Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» соати 10 00 оғоз мешавад.
      Макони гузаронидани ҷаласа: ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21. 
     Бақайдгирии иштирокчиёни ҷаласа рӯзи 23 июни соли 2012, аз соати 800 дар макони гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳомон оғоз мегардад.
     Рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок ба ҷаласа ҳуқуқ доранд, ба ҳолати «24» майи соли 2012 тартиб дода шудааст.

Рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» аз масъалаҳои зерин иборат аст:
1. Тасдиқ намудани ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосиботии солона, (аз ҷумла ҳисоботҳо оиди фоида ва зарарҳо), тақсимоти фоида (аз ҷумла эълони (пардохти) суди саҳмияҳо) ва зарарҳо аз рӯи натиҷаҳои молиявии соли 2011.
2. Тасдиқ намудани Аудитори берунаи ҶСК «Агроинвестбонк» ва маблағи мукофотпулии он.
3. Пеш аз мӯҳлат қатъ кардани ваколатҳои ҳамаи аъзоёни Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк».
4. Интихоби ҳайати нави Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк».
5. Муайян кардани ҳаҷм ва тартиби пардохти мукофотпулӣ ва ҷубронпулӣ ба аъзоёни Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк».
6. Оиди зиёд кардани сармояи оинномавии Бонк.
7. Ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «Агроинвестбонк».

     Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштирокчии ҷаласа, саҳомон бояд бо худ Шиноснома дошта бошанд. Намояндагони саҳомон бошанд, инчунин бо худ Боваринома оиди додани ваколат ба онҳо барои иштирок дар Маҷлиси умумии солонаи саҳомон, ки тибқи талаботи моддаи 56 банди 1 Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва моддаи 210 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, бояд дошта бошанд.
     Саҳомоне, ки ба Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агоринвестбонк» ҳуқуқи иштирок кардан доранд, бо маълумот (мавод)-ҳои пешниҳодгардида метавонанд, шурӯъ аз 24 майи соли 2012 аз соати 10 00 то 1600 бо суроғаи: ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, утоқи 218, телефон (992 37) 233 81 37, шинос шаванд.
     Барои фаҳмидани тартиби бақайдгирӣ ва гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳомон ва инчунин дар сурати вайрон шудани тартиби бақайдгирӣ саҳмдор ё намояндаи ӯ метавонад ба Котиби корпоративии Бонк Исмоилова М.Н. бо суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734018, ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, телефон (992 37) 233 81 37; E-mail: mismoilova@agroinvestbank.tj муроҷиат намояд.
     Варақаҳои овоздиҳие, ки аз тарафи саҳмдорон ба таври хаттӣ пур карда шудаанд, ба суроғаи: 734018, ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, фиристода мешаванд. Овозҳое, ки дар варақаҳои овоздиҳӣ сабт мешаванд, дар вақти муайян кардани кворум ва ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ, агар онҳо то 22 июни соли 2012 фиристода шуда бошанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк» 

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.