Ақнун, баробари пайваст шуданатон ба хизматрасонии «Интернет - банкинг» ба Шумо ба таври ройгон намуди нави хизматрасонӣ «Банкинги мобилӣ» дастрас мегардад! Бо кӯмаки хизматрасонии мазкур, Шумо метавонед ба Бонк наомада, тавассути телефони мобилии хеш, дар давоми шабонарӯз ҳаракати воситаҳоро дар корти пластикии худ назорат кунед, интиқоли воситаҳоро аз корт ба корти дигар, аз ҳисоб ба ҳисоби дигар амалӣ намуда, барои таъмини бехатарӣ ҳангоми харид дар интернет – мағозаҳо ва ғайра кортҳои вертуалӣ тайёр кунед. Барои он, ки «Банкинги мобилӣ» - ро дар телефони мобилии хеш ҷойгир созед, зарур аст, аз сомонаи бонк Java - замимаи махсуси
«TW Mobile Banking», ки интерфейси ғайри ихтиёр фаҳмои қулайро пешниҳод мекунад, нусхабардорӣ намоед. Барои ин танҳо лозим меояд, ки замимаро аз сомонаи мо фаъол созед ва корт - ҳисоби Шумо мобилӣ мегардад!