Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

22.06.2012

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

     20 июн, дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба ин ҷашн чорабинии тантанавие доир гашт, ки дар он роҳбарияти Бонк, кормандон ва меҳмонони даъватшуда: Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, профессор Қурбон Восеъ ва Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким иштирок намуданд. Чорабинии тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Раёсати Бонк Тағоймуродов Фаррух Ғолибович кушод. Ҳангоми суханронӣ ӯ арзиши таърихии ин рӯзро қайд намуда, гуфт, ки дар таърихи халқи тоҷик санаи 27 июни соли 1997, ки дар ин рӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия миёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои мухолифини тоҷик марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бо ширкати намояндагони кишварҳои миёнарави барқароркунии сулҳи тоҷикон Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, барои истиқрори сулҳ ва рушди минбаъдаи мамлакатамон замина гузошт, бо хатҳои зарин навишта шудааст. Баъд аз ба имзо расидани ин Созишномаи таърихӣ, мардуми тоҷик ба орзуи деринаи хеш - хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, бозпас гардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ё ба таври дигар гӯем гурезагон ва билохира бунёд намудани давлати навини мустақил ва ҳифз намудани кишвари тозаистиқлоли худ расид.  

     Профессор Қурбон Восеъ дар назди ҳозирин суханрони намуда, доир ба масъалаҳое ҳарф зад, ки сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ шуданд. Наттоқ нақши таърихӣ доштани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди барқарор намудани сулҳ, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус қайд намуд.  

     Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким низ дар навбати худ ҳозиринро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон табрик гуфта, вобаста ба мавзӯъ, чанде намунаҳои шеъриашро аз эҷодиёташ қироат намуд, ки аз ҷониби кормандони Бонк бо руҳбаландии том пазируфта шуданд.

     Боиси тазаккур аст, ки чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки дар он арбоби маъруфи илм ва сиёсат Қурбон Восеъ ва шоири шинохтаи тоҷик Аскар Ҳаким иштирок доштанд, дер гоҳ аз хотираи кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» зудуда нахоҳад шуд.  

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.