Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

28.06.2012

Дар бинои нави филиали Бонк дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ мизоҷони нахустинро қабул намуданд

     26 июн, дар арафаи таҷлили ботантанаи Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон, дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои мазкур 1 июни соли 2011 шурӯъ шуда буд. Бинои қаблии филиал дар канори шаҳрак ҷойгир буд ва ба талаботҳои пешбурди фаъолияти замонавии бонкӣ ҷавобгӯй набуд. Бинобар ҳамин сабаб, тибқи қарори Раёсати Бонк сохтмони бинои нави замонавии сеошёна, ки ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад, шурӯъ шуд. Бинои нави филиал пурра бо таҷҳизот ва техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Минбаъд ба мизоҷони филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳраки Бӯстон, дар бинои нави замонавии пурра ҷиҳозонидашуда хизмат расонида мешавад, ки ин бевосита ба нишондиҳандаҳои молиявии филиал таъсир хоҳад расонид, - иброз дошт ҳангоми чорабинии тантанавӣ бахшида ба кушодани бинои нав роҳбари филиал Хӯҷамиров Фозилхӯҷа Махсумович ва илова намуд, ки айни замон филиал кӯшиш дорад, мавқеи пешсафиро дар бозори бонкии ноҳия аз даст надиҳад. Маҳз барои ҳамин ҳам, бо шурӯъ намудани пешниҳоди хизматрасонӣ дар бинои нави ба таври замонавӣ ҷиҳозонидашуда, мо мекӯшем сифати хизматрасониро ба мизоҷон беҳтар намоем.
     Боиси тазаккур аст, ки дар чорабинии тантанавии кушодани бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк», дар баробари Роҳбари филиали вилоятии Бонк Масрур Ҳакимов, инчунин намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ бо сарварии раиси Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ Абдукарим Ҳикматов иштирок намуданд ва ҳозиринро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ ва кушодашавии бинои нави филиали Бонк дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд табрик гуфтанд. 

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.