07.09.2012
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» ифтитоҳ ёфт
7 сентябр, дар арафаи ҷашни рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Турсунзода бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» ба истифода супорида шуд. Бинои қаблии филиал, ки солҳои тӯлони ба мардуми шаҳр хизмат мерасонд, бо мурури замон ба талаботи пешбурди кори замонавии бонкӣ ҷавоб намедод. Бинобар ин сабаб, аз ҷониби роҳбарияти бонк қарор қабул гардид, ки ба ҷои бинои куҳна бинои нави сеошёнаи филиал, ки дорои дизайни замонавӣ бошаду бо таҷҳизот ва техникаи замонавии бонкӣ пурра ҷиҳозонидашуда бошад, сохта ба истифода дода шавад. Бинои нави филиал дар муддати нисбатан кӯтоҳ, бо риояи ҳамаи талаботҳои байналмиллалӣ сохта шуда, маркази шаҳри Турсунзодаро бо шаҳомати хеш зеботар гардонид.
Дар маросими кушодашавии бинои нав Раиси шаҳри Турсунзода Гулмаҳмадов Д.Қ. ширкат намуд. Дар баромади худ ӯ ҷамъомадагонро бо 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон кормандон ва роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк»-ро бо ба охир расидани сохтмони бинои нави филиал ва ба истифода додани он дар арафаи ин ҷашни бузургу таърихӣ табрику таҳният гуфт.
Дар назди ҳозирин Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Солиев А.Ҳ. суханронӣ намуда меҳмонон ва ҷамъомадагонро табрик намуд ва инчунин қайд кард, ки кормандони филиал дар бинои нав ва пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазонидашуда ба мизоҷон доираи васеи хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод хоҳанд кард ва бо дилгармии хоса ба кор шурӯъ хоҳанд намуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар филиали ҶСК «Агроинвестбанк», дар шаҳри Турсунзода 38 нафар мутахассисон ва кормандони техникӣ фаъолият доранд.